Аз таҳсил дар донишгоҳи Тоҷикистон то сулҳ бо Толибон: мусоҳибаи Ато Муҳаммади Нур - видео

© AP / Massoud HossainiГубернатор провинции Балх Ата Мохаммад Нур, архивное фото
Губернатор провинции Балх  Ата Мохаммад Нур, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ато Муҳаммад Нур яке аз сиёсатмадорони таъсиргузор дар Афғонистон дар як мусоҳибаи телевизиониаш гуфт, музокироти сулҳ бо “Толибон” муҳим аст, то дар ин кишвар ба хунрезӣ хотима дода шавад

ДУШАНБЕ, 18 апр – Sputnik. Ато Муҳаммад Нур  таъкид дошт, ки дар раванди музокироти сулҳ бо Толибон қарор буд шахсиятҳои раддияи аввали ин кишвар иштирок мекарданд.

Боевики движения Талибан - Sputnik Тоҷикистон
Толибон ҳукумати Афғонистонро ба монеатарошӣ дар музокироти сулҳ айбдор кард

Вай афзуд, ҷунбиши "Толибон" бояд дарк кунанд, ки давоми ҷанг, хунрезӣ, қатл ва инсон куштан роҳи ҳал нест.

“Толибон бояд зери мизи музокира бинишинанд, тафоҳум кунанд ва бо диолог роҳи ҳаллро пайдо кунанд ва ба ҷанг нуқтаи поён гузоранд, то миллати Афғонистон нафаси роҳат бикашад”, гуфт генерал Ато Муҳаммад Нур.

Вай ҳамчунин аз нақши писараш дар ин музокирот таъкид кард ва гуфт, Холид Нур дар музокира бо Толибон таҷрибаи зиёде дорад.

“Ӯ дар музокраҳо бо Толибон дар шаҳри Маскав ва Доҳа иштирок дошт. Ин интихоби ҳукумат аст ва мо онро ҳам рад накардем”, гуфт ӯ.

Вай афзуд: “мо агар дирӯз қаҳрамони ҷанг будем, имрӯз хуб аст фарзандони мо қаҳрамони сулҳ бошанд”.

Ҳамчунин ӯ дар ин мусоҳиба ба чандин масоили дигар аз ҷумла таҳсилаш дар донишгоҳи Тоҷикистон ва аҳли хонаводаву макони зисти онҳо суҳбат кард.

Вай инчунин, дар ин мусоҳибаи зерин дар бораи ояндаи Афғонистон ва вазъи сиёсӣ ва дигар масоили мубрами ин кишвар ибрози назар кард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала