Эҳтимоли даргузашти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия аз коронавирус

© Sputnik / Илья Тимин / Гузаштан ба хазинаи аксОтделение больницы "РЖД-Медицина" перепрофилировали для больных с коронавирусом
Отделение больницы РЖД-Медицина перепрофилировали для больных с коронавирусом - Sputnik Тоҷикистон
Дар Русия як шаҳрванди Тоҷикистон даргузашт. Пизишкони Русия пас аз маргаш аз ӯ барои коронавирус ташхис гирифтанд

ДУШАНБЕ, 18 апр – Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия аз бемории илтиҳоби шуш (пневмания) даргузашт, вале эҳтимол дорад ӯ аз коронавирус бандагӣ карда бошад. Ин иттилоъро ба Sputnik Тоҷикистон аз сафорати Тоҷикистон дар Русия тасдиқ карданд.

Президент РФ В. Путин провел совещание с членами правительства РФ - Sputnik Тоҷикистон
Таъсири коронавирус ва тасмими бесобиқаи Путин: рӯзи 9 май Режаи Пирӯзӣ баргузор намешавад

Бино бар иттилои манбаъ, шахси фавтида дар Русия ба таври доимӣ иқомат мекардааст ва соҳиби ду фарзанд будааст.

Пизишкони Русия пас аз марги ин муҳоҷири меҳнатӣ аз ӯ ташхиси коронавирус гирифтанд, ки ҳоло натиҷааш номаълум аст. Зану фарзандони ӯ ва нафарони наздикаш, ки бо ӯ алоқаи наздик доштанд мунтазири натиҷаҳои ташхис мебошанд.

Дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи  пизишкон ин муҳоҷири тоҷик ба далели бемории илтиҳоби шуш (пневмания)  ҷони худро аз даст додааст.

Натиҷаи таҳлилҳо сабаби марги ин шаҳрванди Тоҷикистон бояд дақиқ кунад. Таҳлилҳо бояд нишон диҳанд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон ба сабаби коронаврис даргузашт ё на.

Тибқи маълумоти сафорати Тоҷикистон натиҷаи таҳлилҳо 18 апрелис соли равон дақиқ хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала