Вазъи коронавирус дар Эрон: мақомот аз беҳбуди саломатии 56 ҳазор нафар хабар дод

© Sputnik / Soheil GhanbarzadehСитуация с коронавирусом в Иране
Ситуация с коронавирусом в Иране - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати беҳдошти Эрон эълом кард, то кунун 55 ҳазору 987 нафар аз касоне, ки дар ин кишвар ба коронавриум гирифтор шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд

ДУШАНБЕ, 18 апр – Sputnik.  Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобитумумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон имрӯз ҷамъи хабарнигорон гуфт дар 24 соати ахир 1374 бемори ҷадид ба қайд гирифта шудааст., иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей"

Препарат против коронавируса - Sputnik Тоҷикистон
Пешравии донишмандони Эрон: муҳаққиқони эронӣ геноми коронавирусро мушаххас карданд

Вай афзуд, то кунун дар Эрон 80 ҳазору 868 нафар гирифтори коронавирус шудааст.

Ҷаҳонпур ҳамчунин бо таасуф илова кард, ки дар 24 соати ахир аз ин вирус 73 ҷонбохтааст ва шумории умумии нафарони фавтида аз коронавирус дар Эрон ба 5 ҳазору 31 нафар расидааст.

Вай қайд кард, ки мардуми Эрон дар саросари кишвар бо роҳандозии размоиши саросарии "Кумаки муъминона" барои хидматрасонӣ ба ниёзмандон ва қишрҳои осебдида аз бемории корона ва афроде, ки касбу кори худро бар асари шуюи ин вирус аз даст додаанд, вориди амал шудаанд.

Тибқи ин тарҳ, кумакҳои нақдӣ ва ғайринақдии мардум дар саросари Эрон ҷамъоварӣ ва ба дасти ниёзмандони ҳамон минтақа хоҳад расид.

Лентаи хабарҳо
0