Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Авохири моҳи декабри соли 2020 мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Даҳҳо корманди дастгоҳи раисҷумҳури Афғонистон гирифтори коронавирус шудаанд

© AP Photo/dpa, Tobias HaseАшраф Гани. Архивное фото
Ашраф Гани. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои бархе аз расонаҳо то бист нафар аз кормандони Кохи раёсати ҷумҳурии Афғонистон ба коронавриус гирифтор шудаанд

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Як мақоми  давлатии Афғонистон, ки аз ифшои номаш худдорӣ кардааст, хабар дод, ки ҳудуди 20 нафар дар кохи раёсати ҷумҳурӣ ба коронавирус мубтало шудаанд, аммо ин масъала пинҳон нигаҳ дошта шуда, то ваҳшат эҷод накунад, иттилоъ додааст Садои Хуросон, дар истинод ба хабаргузории Фаронса.

Добровольцы в защитных костюмах распыляют дезинфицирующее средство против распространение коронавируса в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон
Авҷи коронавирус дар Покистону Афғонистон: шумори фавтидагон ба маротиб афзоиш ёфт

Бино бар иттилои манбаъ, як мақоми дигари афғон ин рақамро таъйид карда, гуфт, ки 12 нафар аз аъзои дафтари иҷроии раиси ҷумҳурӣ низ ба корона гирифтор шудаанд.

Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи раиси ҷумҳурӣ аз изҳори назар дар ин бора худдорӣ кард.

Ашраф Ғанӣ 70 сол дорад ва ба тозагӣ даври дувуми раёсати ҷумҳурии худро оғоз кардааст.

Имрӯзҳо дар пойтахти Афғонистон маҳдудиятҳое барои муқобила бо корона ба иҷро гузошта шуда ва ҳама ниҳодҳои давлатӣ таътил шудааст.

Бар асоси оморҳои расмӣ то кунун 933 нафар дар Афғонистон ба корона мубтало гашта ва 33 нафар низ ҷон бохтаанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала