Обуҳавошиносон: имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр мешавад

© Sputnik / Стас ЭтвешМужчина отдыхает в тени
Мужчина отдыхает в тени - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Обуҳавошиносони Тоҷикистон пешгӯӣ карданд, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр шуда, дар баъзе ноҳияҳо ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар  шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво шабона 7+9 ва  рӯзона 24+26 дараҷа гарм мешавад.

Снегопад в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори обуҳавошиносон: обуҳаво якуякбора ноустувор шуда, борону барф меборад

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 6+11 ва рӯзона 22+27  дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8 ва  рӯзона 16+21 дараҷа гарм  мешавад.

Дар ҳамин ҳол, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши борон дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 2+7 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд   камабр ва  дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Ҳаво  дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан суст дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5+10 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0