Дар Маҷлис гуфтанд, чаро Рустам Эмомалӣ бояд раис шавад: хатмкардаи 2 Академия, забондон

Обуна шудан
Дилбар Одиназода, вакили Маҷлиси миллии Тоҷикистон, ки дар ҷаласаи ахир номзадии Рустами Эмомалиро ба раисии палатаи болоии парлумон пешниҳод кард, ҳолнома ва хизматҳои ӯро муаррифӣ намуд

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Дилбар Одиназода муаррифиро аз он оғоз кард, ки Рустами Эмомалӣ 19 декабри соли 1987 дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, миллаташ тоҷик ва маълумоташ олӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи якумаи Маҷлиси миллӣ даъвати шашум - Sputnik Тоҷикистон
Шахсиятҳои арзанда хонд: Президент Рустами Эмомалӣ ва муовинонашро шодбош гуфт

Соли 2008 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, соли  2011 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия ва соли 2014 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисосҳои иқтисодиёти ҷаҳон, ҳуқуқшиносӣ, идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ хатм кардааст, иттилоъ дод Одиназода.

Тавре нашрияи “Садои мардум” аз ҷаласаи палатаи болоии парлумон гузориш дод, дар маҷлис Одиназода иттилоъ додааст, ки Рустами Эмомалӣ баробари забони модарӣ се забони хориҷӣ - русӣ, англисӣ ва олмониро медонад.

Дар идома омадааст, ки Рустами Эмомалӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе буда, рутбаи тахассусияш мушовири ҳақиқии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Зикр шудааст, ки фаъолияти меҳнатии ӯ солҳои 2006 — 2009 аз вазифаи сармутахассиси шуъбаи ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуда, баъдтар дар як қатор мансабҳои масъул идома ёфтааст.

Волейбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Донишгоҳи славянӣ соҳиби Ҷоми Душанбе шуд

Ӯ солҳои  2009 — 2011 дар вазифаҳои сардори  Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи  амволи  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,    2011-2012 сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумруки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2012-2013 муовин ва 2013-2015 сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2015-2017 директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолият  кардааст.

Аз январи соли 2017  раиси шаҳри Душанбе мебошад.

Дар идома Одиназода аз роҳбарии Рустами Эмомалӣ дар Душанбе тавсиф кардааст, ки бо талошҳои ӯ, пойтахт симои комилан ҷавобгӯ ба талаботи муосири шаҳрдориву шаҳрнишинӣ касб намуда, чӣ аз ҷиҳати инфрасохтор ва чӣ аз ҷиҳати таъмини шароити мусоид баҳри рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ба натиҷаҳои баланд ноил гардид.

Фарҳод Раҳимӣ: таъйиноти Рустами Эмомалӣ ҳодисаи сол

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Акамияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва узви Маҷлиси миллӣ зимни муаррифии Рустами Эмомалӣ  изҳор дошт, ки ба унвони шаҳрдор ва ё раиси шаҳри Душанбе – пойтахти давлати Тоҷикистон таъин гардидани Рустами Эмомалӣ ҳодисаи муҳими сол, манзурам январи соли 2017 аст,  шинохта шуд, зеро дар таърихи давлатдории миллӣ аз қишри ҷавони ҷумҳурӣ намояндае ба сифати шаҳрдори Душанбе муаррифӣ гардид.

Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан Махмадсаид Убайдуллоев - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамдигарро таъриф карда, ба осмон набарорем: Убайдуллоев дар бораи мансабдорону коррупсия

Ӯ афзуд, бо дастури бевоситаи раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ шаҳрдорӣ, бо дарназардошти мушкилоти иҷтимоию маданӣ ва иқтисодию молиявӣ, сомонаи вижаеро таъсис дода, тавассути фаъол гардонидани он фазои муколамаю гуфтугӯро бо ҷомеа барқарор намуд.

“Ин роҳбурди идорӣ имкон фароҳам овард, ки мардуми шаҳри Душанбе таи бисту чаҳор соат бо масъулини шаҳрдорӣ робитаи мустақим барқарор намоянд ва мушкилоти худро дар миён гузоранд. Ҳамчунин, дар дастгоҳи идории шаҳрдорӣ ворид намудани технологияҳои нави инноватсионӣ, насби пост — терминалҳо барои пардохти хизматрасониҳо, ба монанди маблағи об, газ, нақлиёти ҷамъиятӣ аз навовариҳои раиси шаҳр ҳисоб мешаванд, ки сокинони пойтахт аз онҳо ҳар рӯз истифода мебаранд”, - изҳор дошт Раҳимӣ.

Амонзода аз кадрҳои тарбияткардаи Эмомалӣ Раҳмон гуфт

Узви Маҷлиси миллӣ Амонзода Илҳом Темур зимни ҷонибдорӣ аз Рустами Эмомалӣ изҳор дошт, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба парваришу тарбияи кадрҳои миллии ҷавон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, яке аз ин гуна кадрҳои ҷавон, ки зинаҳои гуногуни раҳбариро пушти сар намудааст, Рустами Эмомалӣ мебошад.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон аъзои нави Маҷлиси миллиро таъйин кард: Убайдуллоев нест

Амонзода номзадии Рустами Эмомалиро ба мақоми раиси Маҷлиси миллӣ арзанда хонда,  давраи роҳбарияш дар Душанберо далел овардааст.

“Дорои ҷавҳари бузурги роҳбарӣ ва инсони ҳушманду шахсияти корозмуда ва ҳамчунин, фавқулодаанд. Зеро се сол, агарчӣ барои таърих замони чандон тӯлонӣ набошад ҳам, сокинони шаҳри Душанбе ва дар маҷмӯъ, мардуми кишвар, чӣ гуна дар тамоми самт тағйир ёфтани симои пойтахти кишвари азизамонро  шоҳид гардиданд. Дар муддати кӯтоҳ бо кордониву фаросати баланди сиёсӣ номбурда тавонистанд бо такя ба донишу таҷрибаи раҳбарии андӯхта дар соҳаҳои гуногун, шаҳри Душанберо ба муваффақиятҳои иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангӣ ноил созанд. Далели ин гуфтаҳо созандагиву бунёдкориҳоеанд, ки инфрасохтори пойтахтро тақвият бахшида, онро ба шаҳри замонавӣ табдил додаанд”, - изҳор дошт Амонзода.

Дар идома бархе аъзои дигари Маҷлиси миллӣ аз малакаю таҷриби роҳбарии Рустами Эмомалӣ тавсиф карда, номзадии ӯ ба мақоми раиси палатаи болоии парлумон бо як овоз ҷонибдорӣ гардид.

Лентаи хабарҳо
0