Дархости Мирзиёев аз соҳибкорон: дар Рамазон мардуми камбағалро дастгирӣ кунед

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Узбекистана Шавкат Мирзиеев
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Ӯзбекистон аз тамоми соҳибкорон даъват намудаст, ки дар маҳали иқомати худ оилаҳои нодорро дар моҳи шарифи Рамазон дастгирӣ намоянд

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Кишвардори Ӯзбекистон дар арафаи моҳи Рамазон аз соҳибкорон дархост намудаст, ки ба оилаҳои ниёзмандро дасти кӯмак дароз намоянд.

Саидмукаррам Абдулкодирзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аз санаи Рамазон то “шайхи фонӣ”: муфтӣ дар шарҳи қарори Шӯрои уламо
Мирзиёев пешниҳод намудаст, ки ҳар як соҳибкор дар маҳали иқомати худ оилаҳои камбағалро дар ин моҳи шариф дастгирӣ намоянд.

Ҳамчунин бо даъвати Мирзиеёв ҳаракати ҷамъиятии "Некӣ ва дастгирӣ" созмон дода шудаст, ки фаъолияти он ба дастгирии оилаҳои ниёзманд равона гардидааст.

"Ба қарибӣ моҳи муқаддаси Рамазон фаро хоҳад расид. Кӯмак ба оилаҳои камбизоат дар ин муддат як амали нек аст. Як соҳибкор, бо тавоноии худ, метавонад ба 10 оила дар як моҳ кӯмак кунад. Шояд соҳибкори дигаре имкони  ба 20 оила кӯмак карданро дорад. Аз миёни оилаҳои нодор, ягон аъзои хонаводаро киро карда ҳақмуздашро диҳед", - пешниҳод намудаст Мирзиёев.

Масҷидҳои Макка ва Мадина дар Рамазон баста хоҳанд монд

Бар замми кӯмакҳои ироанамудаи соҳибкорон ба оилаҳои ниёзманд, Мирзиёев ваъда намуд, ки ба кори онҳо сабукӣ меорад. Бо дарназардошти ҳаҷми кӯмак кардаи онҳо соҳиби имтиёз хоҳанд шуд, афзудаст Мирзиёев.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон тибқи қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, моҳи шарифи Рамазон ба рӯзи ҷумъаи 24 апрел рост меояд.

 

Лентаи хабарҳо
0