Эълони оғози Рамазон ва ҳаҷми закоту садақаи фитр дар Тоҷикистон

© SputnikСаидмукаррам Абдулкодирзода
Саидмукаррам Абдулкодирзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, бо имзои қарори Шӯро санаи оғози Рамазон, маблағи закоту садақаи фитр ва фидяи савмро барои соҳибони узри шаръӣ эълон кард

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, эълон кард, ки оғози моҳи шарифи Рамазон дар кишвар ба рӯзи ҷумъаи 24 апрел рост меояд.

Саидмукаррам Абдулкодирзода  - Sputnik Тоҷикистон
Намозу ифтору идгардак манъ: Шӯрои уламо гуфт, пули ҳаҷу закотро чигуна сарф бояд кард

Тибқи қарори Шӯро, имсол нисоби закот 21 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шуд, ки аз он 525 сомонӣ закот дода мешавад. 

Садақаи фитр ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ муқаррар гардид. Бар асоси муқаррароти Шӯрои уламо имсол муслимини кишварро зарур аст, аз ҳар 21 ҳазор сомонии доштаашон 525 сомонӣ закот диҳанд. 

Барои соҳибони узри шаръӣ, яъне пиронсолону беморон ва нафароне, ки бо сабаб рӯза дошта наметавонанд, фидяи савм ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рӯз, яъне ҳар рӯз 10 сомонӣ муайян карда шуд.

Шӯрои уламо имомхатибонро муваззаф кардааст, дар мавзъизаҳояшон мардумро ба худдорӣ аз исрофкорӣ даъват намоянд. Махсусан таъкид шудааст, ки дар моҳи шариф кумак ба ниёзмандон, аз ҷумла ятимону бепарасторон расонда шавад.

Лентаи хабарҳо
0