Ҳимояи ҷойҳои корӣ: Трамп муҳоҷират ба Амрикоро боздошт

© AP / Evan VucciПрезидент США Дональд Трамп
Президент США Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Амрико тамим гирифтааст, раванди муҳоҷират ба ин кишварро боздорад. Тасмими худро Трамп ба ҳимоя намуадни ҷойҳои корӣ барои худи амрикоиҳо арзёбӣ намуд

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Доналд Трамп дар сафҳаи худ дар Твиттер изҳор дошт, ки қарор дар мавриди манъ намдани муҳоҷират ба Амрикоро иасвиб мекунад.

Новый Посол США Джон Марк Поммершайм - Sputnik Тоҷикистон
Амрико барои мубориза бо коронавирус ба Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор доллар медиҳад - навор
Ин тамими ба хотири ҳифз кардани ҷойи кори амрикоҳо ба назар г7ирифта шудааст.

"Бо назардошти ҳамлаи душмани ноаён ва инчунин зарурати муҳофизати ҷойҳои кории  шаҳрвандони бузурги амрикоӣ, ман фармонеро имзо мекунам, ки муҳоҷиратро ба ИМА қатъ мекунад!", -  навиштааст Трамп.

Пешгӯии Трамп амалӣ мешавад? фавти 865 маризи коронавирус дар Амрико давоми як шабонарӯз

Қаблан Трамп нақшаи бардоштани қарантинро пешниҳод карда буд, ки дар робита ба хуруҷи коронавирус дар Амрико элон гардида буд.

Ёдовар мешавем, ки дар Иёлоти Муттаҳида беш аз 701 ҳазор ҳодисаи COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Ин кишвар аллакай 36 ҳазор бемори коронавирусро аз даст дод.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала