Марги Абдуалӣ Тоиров: пирӣ, пневмония ё “вируси корона”?

© © Facebook / Abduali ToirovАбдуали Тоиров
Абдуали Тоиров - Sputnik Тоҷикистон
Абдуалӣ Тоиров, олими тоҷик, яке аз чаҳор нафарест, ки бегоҳи 22 апрел бар асари бемории илтиҳоби шуш дар Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов, маъруф ба шифохонаи “Якум Советски” дар Душанбе даргузашт

ДУШАНБЕ, 24 апрел – Sputnik. Аслиддин Назиров, яке аз ҳамедеҳагони Абдуалӣ Тоиров ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҷасади марҳум дар деҳаи Фриштии шаҳри Ваҳдат ба хок супурда шуд.

“Тақрибан 5 нафар, намедонам пизишк буданд ё аз ягон мақомоти дигар, бо либоси хос ӯро бо мошини “ёрии таъҷилӣ” оварданд. Умуман, тобутро боз накарданд. Пешакӣ ба раиси маҳалла гуфта буданд, ки одами зиёдро хабар накунад. Фақат хешу табор ҷамъ шуда, ҷанозаро хонданд ва ҷасадро худи афроди бо либоси хос омада, қабр карданд”, - гуфт Аслиддин Назиров.
Медицинский работник в защитном костюме - Sputnik Тоҷикистон
Вазъи “мурдашӯй” хуб нест, наздиконаш дар қарантинанд: дар Суғд чӣ мегузарад?

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон расман ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, ки Абдуалӣ Тоирови 73 – сола аз “илтиҳоби дутарафаи шушҳо, норасоии шадиди нафас дараҷаи 2, диабети қанди дараҷаи 2” бо ҳолати вазнин ворид шуда, то фавт марҳалаи декампенсатсия, ангулятся ва нефропатияро гузаштааст.

Вазорат марги 3 нафар дар "1-ум Советский"-ро рад кард: ҳушдор ба дурӯғпароканҳо

Ба қавли яке аз ҳамедеҳагони Абдуалӣ Тоиров, марҳум пас аз дидори наберааш, ки гӯё аз Олмон баргашта будааст, ба ин маризӣ печида, дар шифохона бистарӣ мешавад.

“Он чӣ ман шунидам, ин аст, ки наберааш вақте аз Олмон бармегардад, марҳалаи карантинро намегузарад. Гӯё аз чӣ роҳе фирор мекунад. Ҳоло ҳамон наберааш ҳам дар “Якум Советски” хоб аст”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон аз вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таъйид кард, ки дар ҳоли ҳозир се набераи Абдуалӣ Тоиров дар Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов бистарӣ ҳастанд, аммо ин манбаъ дар бораи дар хориҷа будан ё набудани яке аз онҳо ва ибтилояш ба “вируси корона” изҳори бехабарӣ кард.

Женщина на больничной койке в больнице - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ: 4 кас аз илтиҳоби шуш фавтид, вазъи чанд нафари дигар вахим аст
Абдуалӣ Тоиров 26 феврали соли 1947 дар деҳаи Панҷикони ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат зода шуда, фориғуттаҳсили факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло – ДМТ) аст. Фаъолияти худро соли 1969 ба ҳайси лаборанти калони сектори физикаи назариявӣ дар Институти физикаю техникаи ба номи Султон Умарови Академияи улуми Тоҷикистон оғоз намуд.

Пас аз анҷоми хизмати ҳарбӣ (1970-1972) боз ҳамин пажӯҳишгоҳ баргашта, солҳои 1974 – 1977 дар мавзӯи “Таъсири нурҳои ултрабунафш дар мавриди коркарди полимерҳои ба ҳароратҳои баланд тобовар” дар шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) рисолаи номзадӣ дифоъ мекунад ва то охири умр шурӯъ аз ходими илмии шуъбаи физикаи полимерҳо то мудири лабораторияи электроникаи квантӣ будааст.

Вазорати тандурустӣ аз аҳамияти иммунизатсия дар пасманзари COVID-19 гуфт

Муаллифи зиёда аз 100 асари илмӣ, ҳаммуаллифи китобҳои дарсии соҳаи физика ва дастурҳои таълимӣ мебошад. Фарҳод Шокир, мудири Институти физикаву математикаи ба номи Султон Умаров, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Абдуалӣ Тоиров олими шинохта дар соҳаи электроникаи нимноқилӣ ва технологияҳои муосири квантӣ буд.

“Тадқиқот, кашфиёт ва коркардҳои илмиаш махсусан дар коркарди нанотехнологияи ҳосил кардани сохторҳои ҷавфӣ дар асоси нимноқилҳои пайвастагиҳои наву инноватсионӣ ва тадқиқи сатҳи нурафканишоти онҳо илми ватаниро ба таври назррас ғанӣ гардонида, ба он саҳифаҳои навро ворид намуданд”, - гуфт Фарҳод Шокир.

Медицинская капельница, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Озарахш пас аз чанд рӯзи беморӣ ба ҳуш омад

Абдуалӣ Тоиров дар Институти физика, Донишгоҳи Аграрӣ ва Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон низ, аз ҷумла бо забони инглисӣ дарс мегуфт. Раиси Иттифоқи касабаи Институти физика ва ноиби раиси Иттифоқи касабаи Академияи илмҳо (1980 - 1990), дар ду даъват вакили Маҷлиси намояндагони халқи шаҳри Душанбе (1990-2000) низ буд.

Дар ҳамин ҳол, хориҷ аз Институти физикаву математика Абдуалӣ Тоиров як муддат мушовири сиёсии дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон (1999-2012) низ будааст. Аммо он чӣ аз тарҷумаи ҳоли расмии ӯ афтода, фаъолиятҳои низомӣ ва ҳам узвият дар аввалин созмони миллигароии Тоҷикистон – “Растохез” аст, ки ба қавли ҳамсӯҳбатони мо хеле ҷолибанд, аммо ҳоло мавриди гуфтанашон нест.

"Саломатии Фарзона хуб аст, барои нигоҳубини Озарахш дар беморхона аст"

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала