Дорупошӣ дар мактабу муассисаҳо, хиёбону кӯчаҳо ва истгоҳу нақлиётҳо пурзӯр мешавад

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирӣ аз  бемориҳои сироятӣ  ва таъмини солимии шаҳрвандон  дар пойтахт тадбирҳои безараргардонии сартосариро  пурзӯр мекунад

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Тадбирҳои безараргардонӣ нахуст дар  ҷойҳои ҷамъшавии одамон, мактабу муассиса, кӯчаву хиёбон, мавзеъҳои фароғатӣ, истгоҳҳои нақлиётӣ  ба роҳ мондааст. 

“Дезинфексия”, на карантин: тамоми мактабҳои Тоҷикистон таътил шуданд

Ба иттилои котиботи раиси шаҳри Душанбе, ҳамин гуна тадбирҳои безараргардонӣ дар  кӯчаву хиёбон ва истгоҳҳои нақлиётӣ дар ҳудуди кўчаҳои Аҳмади Дониш ва Садриддин Айнии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт  ташкилу роҳандозӣ гардиданд.

"Моҳи  сеюм аст, ки дар пойтахт тамоми нақлиёти мусофирбар пеш аз ба кор баромадан ва баъди он  безарар гардонида мешаванд. Ин тадбирҳо то анҷом ёфтани паҳншавии бемории  сироятии COVID-19 дар тамоми ҷаҳон идома меёбанд", - омадааст дар хабар.

Зимнан, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки бо мақсади пешгирӣ аз бемории коронавирус  сокинони пойтахтро зарур аст, ки аз ҳар вақта дида  дар тозаю озода нигоҳ доштани манзили зист ва риояи гигиенаи шахсӣ масъулияти баланд эҳсос намоянд.

Ёдовар мешавем, ки чандин моҳ аст, ки  бо қарори Раиси шаҳри Душанбе дар  муассисаҳои тандурустию маориф ва дигар ташкилоту  идораҳои пойтахт, новобаста аз шакли моликият корҳои  безараргардонии бино ва фаҳмондадиҳӣ  бо сокинони шаҳр  оид ба пешгирии коронавирус  ба роҳ монда шудаанд.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала