Муваққатӣ, на карантин! Мактабҳои Душанбе таътил шуданд

© Sputnik / Стас ЭтвешШкольница в медицинской маске на улице Душанбе
Школьница в медицинской маске на улице Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Шурӯъ аз 27 то 10 майи соли равон муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ба таътил мераванд. Ин тасмим дар мувофиқа бо раиси шаҳр – Рустами Эмомалӣ ва дигар мақомот гирифта шуд

 ДУШАНБЕ, 25 апрел – Sputnik. Асомиддин Бобозода, сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе гуфт, ки ин як таътили муваққатӣ аст, на карантин, зеро дар Тоҷикистон расман вуҷуди вируси корона сабт нашудааст: “Тасмими мо фақат мактабу боғчаҳо ва дигар муассисаҳои шаҳри Душанбе – пойтахти Тоҷикистонро дарбар мегирад.

Медицинский персонал перемещает тела из медицинского центра Wyckoff Heights в рефрижератор в Бруклине, Нью-Йорк - Sputnik Тоҷикистон
СҶБ: коронавирус дар ИДМ авҷ гирифт, аммо то ҳол ба Тоҷикистону Туркманистон нарасидааст

Ин давраи таътилро мо барои гузаронидани корҳои профилактикӣ ва пурра зиддиуфунӣ ё дезинфексия кардани муассисаҳои таълимӣ истифода хоҳем кард”, - гуфт Асомиддин Бобозода.

Зарурати таътил ва ҳатто қарантина шудани мактабҳо на фақат дар пойтахт, балки тамоми кишвар шурӯъ аз замони пайдоиши вируси корона дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон як баҳси доғи шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо буд.

Аммо мақомот ба ин далел, ки дар Тоҷикистон вируси корона сабт нашудааст, аз таътил ё қарантина кардани мактабҳо худдорӣ мекарданд ва кор ба ҷое расид, ки худи волидайн таҳсили фарзандонро қатъ кунанд.

Дилафрӯз Азизова, як сокини шаҳри Душанбе ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ду ҳафта ба ин сӯ намегузорад, ки фарзандонаш мактаб раванд, зеро ин корро дигар волидайн низ мекунанд.

Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳои аз коронавирус озод дохил шуд

“Муаллимаи духтарам тариқи “Вайбер” навиштааст, ки бояд фарзандамро ба мактаб фиристам, чун дарсҳо тибқи ҷадвали дарсӣ идома доранд. Вай мегӯяд, ки дар як синфи 27 нафара 20 хонанда дар дарсҳо ҳузур надорад ва ин ба он маъност, ки муаллим қодир ба дарсдиҳӣ нест. Ҳатто бо ҷаримаву суд ҳам таҳдид карданд, аммо қабул накардам”, - гуфт Дилафрӯз Азизова.

Як нафари дигар, ки фарзандаш дар Лисейи байналхалқии Душанбе мехонад, мегӯяд, як моҳ зиёд аст, ки дар дарсҳо аз 6 нафар зиёд хонанда ширкат намекунад.

“Дар ин лисей аксаран фарзандони афроди сарватманд таҳсил мекунанд. Рӯзҳои ахир кор ба ҷое кашид, ки ҳамин як писари ман ва як рафиқи дигараш боқӣ монданд ва омӯзгорон гуфтанд, худи мо бояд тасмим гирем. Се рӯз шуда буд, ки писари ман ҳам мактаб намерафт”, - гуфт ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон.

Аммо ҳоло сухан дар бораи Душанбе, пойтахти кишвар меравад, ки мактабу боғчаҳояш муваққатан таътил шудаанд? Ба ин суол дар вазорати маорифи Тоҷикистон гуфтанд, ки тасмим дар ин бора ба зудӣ гирифта хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0