"Ғолибияти шумо сарбаландии мост": муборакбодии Файзов ба духтарони волейболбози Бадахшон

© ВМКБВолейболистки из ГБАО получили первое место
Волейболистки из ГБАО получили первое место - Sputnik Тоҷикистон
Дар робита ба ғолиб омадани варзишгарони дастаи якачини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз намуди волейбол дар Тоҷикистон, раиси ВМКБ ба қаҳрамон духтарон паёми шодбошӣ ирсол намудаст

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов бо ирсоли паёми шодбошӣ ба волейболбозони ин вилоят дар робита ба қаҳрамони Тоҷикистон шудан, табрик намудаст.

Ёдгор Файзов ба Чоршанбе Аловатов: "мардуми Бадахшон бо шумо ифтихор доранд"

Ба иттилои котиботи раиси вилоят, Файзов дар паёми худ изҳор доштааст, пирӯзии дастаи бонувони ВМКБ аз намуди волейбол боиси ифтихор ва сарфарозии сокинони ин вилоят мебошад.

"Ғолибияти шумо боиси сарбаландии мо мебошад", - фзудааст раиси вилоят.

Зимнан, Файзов аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба духтарони  волейболбоз  барои пирӯз шудан дар мусобиқаҳои минбаъдаи ҷумҳуриявӣ ва байналмилали комёбиҳои беназирро таманно намудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала