Дар Эрон навзоди 800 грамии мубтало ба коронавирус беҳбуд ёфт

© Sputnik / Алексей Сухоруков / Гузариш ба медиабонкПеринатальный центр
Перинатальный центр  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Навзоди 800 грамӣ, ки бо бемории КОВИД- 19 таваллуд шудааст бо талоши пизишкон дар шаҳри Язди Эрон беҳбуд ёфт

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Доктор Маҳмуди Нурии Шодком, муовини дармони Донишгоҳи улумпизишкии шаҳри Язд дар маркази Эрон гуфтааст, ки Ҳудуди 40 рӯз қабл навзоди 800 грамӣ аз модари мубтало ба коронавирус мутаваллид шуд ва бо таваҷҷуҳ ба мусбат шудани натиҷаи озмоиши коронаи худи ӯ, иқдомҳои дармонӣ барои ин навзод шуруъ шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Родственник на могиле журналиста Abdollah Zavieh, умершего от коронавируса - Sputnik Тоҷикистон
Эрон: шумори фавтидагон аз коронавирус коҳиш ёфт

Бино бар иттилои манбаъ, ин навзод, ки Амирарсалон ном дорад коронавирусро шикаст дода ва акнун як килову 200 грам аст.

Доктор Нурии Шодком зимни ибрози шодмонӣ аз беҳбуд ёфтани ин навзод ва модараш аз бемории КОВИД- 19 аз мардум хост барои пешгирӣ аз корона ҳамчунон фосилагузории иҷтимоиро риоят кунанд.

Ёдрас мешавем, ки Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобитумумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон ахиран дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфт, дар Эрон дар 24 соати ахир 1134  бемори ҷадид ба қайд гирифта шуд.

Тибқи иттилои манбаъ, то кунун бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 89 ҳазору 328 нафар дар Эрон ба вируси корона олуда шудаанд.

Ҷаҳонпур ҳамчунин бо ишора ба фавти 76 нафар дар 24 соати гузашта афзуд, фавти ноши аз коронавирус  дар Эрон ба панҷ ҳазору  650 нафар расидааст.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз ду миллиону  800 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод камаш 197 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд ва беш аз 809 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо рухсат ёфтаанд.

Лентаи хабарҳо
0