Баъди мактабу боғчаҳо: футболи тоҷик ҳам ба таътил рафт

Обуна шудан
Ба дунболи таътили макотиб ва боғчаву муассисаҳои ибтидоию миёнаи касбии кишвар, баргузории ҳама намуд мусобиқаҳои футбол дар кишвар то рӯзи 10-уми май боздошта шудаанд

 ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Бо нашри ин иттилоъ Федератсияи футболи Тоҷикистон дар сомонаи расмияш гуфтааст, ки ин ниҳод қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз вируси коронаро дар кишвар дастгирӣ намуда ва манъи муваққатии чорабиниҳои оммавӣ, ки бо мақсади ҳифзи саломатӣ ва амнияти аҳолӣ қабул шудааст, пурра тарафдорӣ мекунад.

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Футбол бе тамошобинон: дастури Рустами Эмомалӣ дар бораи бозии “Истиқлол” ва “Хуҷанд”

“Дар робита ба ин, Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳам тасмим гирифт, ки тамоми чорабиниҳои варзишии таҳти сарпарастии ин созмон баргузоршуда, аз ҷумла мусобиқаҳои футбол байни Лигаҳои кишвар ва баргузории чорабиниҳои варзишие, ки аз сӯи федератсияҳои минтақавии футбол сурат мегирад, муваққатан манъ карда мешавад”, мегуяд ФФТ.

Аҳлиддин Юнусов, котиби Федератсияи футболи вилояти Суғд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ахиран даври 4-уми чемпионати Тоҷикистон, дирӯз байни дастаҳои “Хуҷанд” – “Регар-ТадАЗ”– 2:1, “Локомотив-Помир” – “Хатлон” – 2:3 ва “Душанбе-83” – ССКА ба ҳисоби – 2 : 1 ба анҷом расид.

Трансляция матча. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нороҳатӣ дар хориҷа! Пахши “Футбол” қатъ, рамзи “Варзиш” дигар шуд

“Ба ин тартиб шаш бозии даври 5-ум миёни дастаҳои ЦСКА – “Файзканд”, “Хатлон” – “Душанбе-83”, “Истаравшан” – “Хуҷанд” дар рӯзи 2-уми май ва бозии миёни “Куктош” – “Локомотив-Памир”, “Регар-ТадАЗ” – “Истиклол” дар рӯзи 3-уми май.

Инчунин даври 6-ум бозиҳо миёни дастаҳои “Файзканд” – “Худжанд”, ва “Локомотив-Памир” – “Регар-ТадАЗ” дар рӯзи 9-уми май баргузор карда нашуда, ба рӯзҳои баъд аз 10-уми май дар назар гирифта мешаванд”, таъкид намуд Юнусов.

Сар аз санаи 11 -уми март, ба ин тараф баргузории мусобиқаҳои футбол дар варзишгоҳҳои Тоҷикистон бе ҳузури тамошобинон доир карда мешавад. Сабаби инро масъулини ФФТ ба хотири пешгирӣ ва эҳтимолияти паҳншавии вируси корона шарҳ медиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0