Натиҷаҳои даври чоруми Чемпионати Тоҷикистон

Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки рӯзҳои истироҳат бозиҳои даври чоруми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik.Тибқи иттилои Кумита, тими “Истиқлол” 25 апрел дар майдони худ дастаи “Куктош”-ро бо ҳисоби калони 6:1 шикаст дод. Дар ҳайати дастаи Душанбе Рустам Соиров се гол, Манучеҳр Ҷалилов ду гол заданд. Бозингари тими меҳмон Холмурод Назаров як гол ба дарвозаи дастаи худаш, як голи дигар ба дарвозаи ҳариф зад.

Чемпионат Таджикистана по футболу 2020 - Sputnik Тоҷикистон
Баъди мактабу боғчаҳо: футболи тоҷик ҳам ба таътил рафт

Манбаъ афзуд, дар бозии дигар дастаи нави лигаи олӣ “Файзканд” дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бар дастаи “Истаравшан” бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Голҳои дастаи ноҳияи Восеъро Ҷасур Қурбонов ва Анвар Муродов ба ҳадаф расониданд. Голи “Истаравшан”-ро Абдуқаҳор Қодиров ба номаш сабт кард.

Ба иттилои Кумита, се бозии дигари даври чорум 26 апрел сурат гирифт. Дар пайи “Истиқлол” пешсафи дигари чемпионат - дастаи “Хатлон” ғолибият ба даст овард. Бохтариҳо дар меҳмонӣ бар дастаи “Локомотив-Помир” бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуданд. Се голи “Хатлон”-ро Худойдод Узоқов зад. Дар ҳайати роҳи оҳанчиён Азизбек Ҳасанов ва Шаҳром Сулаймонов дурахшиданд.

Матч между душанбинским Истиклолом и Худжандом - Sputnik Тоҷикистон
Баррасии бозии баҳсбарангези дастаҳои “Истиқлол”-у “Хатлон” дар ФФТ ва муҷозоти довар

Дастаи нави лигаи олӣ – “Душанбе-83” ғалабаи таърихиашро ҷашн гирифт. Душанбегиҳо дар бозии хонагӣ бар дастаи КМВА бо ҳисоби 2:1 зафар ёфтанд. Ду голи дастаи ғолибро Хуршед Абдуллоев ба номаш сабт кард. Голи ягонаи артишиҳоро Фирӯз Бобиев зад.

Баъд аз ду шикасти пайиҳам дар даврҳои аввали чемпионат дар даври навбатӣ “Хуҷанд” дар майдони худ бар тими “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Дастаи соҳили дарёи Сир тавассути зарбаҳои нишонраси Санҷар Рихсибоев ва Дилшод Бозоров соҳиби се хол шуд. Голи дастаи шаҳри Турсунзодаро Диловаршо Ғаниев зад.

Ҳамин тариқ, пас аз чор давр дастаҳои “Истиқлол” ва “Хатлон” бо 10-холӣ дар садри ҷадвали чемпионат қарор доранд. Дар ҷои сеюм "Файзканд"-и ноҳияи Восеъ (8 хол) мавқеъ гирифтааст. Акнун дар Чемпионати Тоҷикистон-2020, ба хотири пешгирии вируси COVID-19, то 11 май истироҳат эълон шуд.

Лентаи хабарҳо
0