Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Шифо ёфтани 70 ҳазор гирифтори коронавирус дар Эрон

© AFP 2023 / Atta KenareЖенщина возле мечети Имамзаде Салех, Иран
Женщина возле мечети Имамзаде Салех, Иран - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, то кунун 70 933 нафар аз мубталоён ба вируси корона беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Киёнуш Ҷаҳонпур раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати  беҳдошти Эрон рӯзи  душанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси  корона дар Эрон маълумот дод.

Перинатальный центр  - Sputnik Тоҷикистон
Дар Эрон навзоди 800 грамии мубтало ба коронавирус беҳбуд ёфт
Ба изҳори ӯ, дар 24 соаи ахир дар Эрон 991 ҳолати нави гирифторшавӣ ба маризии коронавирус ссабт гардидааст. Ба ҳамин минвол, дар қаламрави Эрон акнун 91 ҳазору 472 нафар ба вируси корона мубтало шудаанд.

Эрон: шумори фавтидагон аз коронавирус коҳиш ёфт

Ҷаҳонпур афзуд, "имрӯз пас аз 36 рӯз, теъдоди мавориди  ҷадид ё ибтилои рӯзона ба Ковид- 19 дар кишвар ба камтар аз ҳазор маврид расид".

Раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти  Эрон ҳамчунин бо ишора ба фавти 96 нафар дар 24 соати гузашта гуфт: фавти ноши аз вируси корона дар Эрон ба 5 ҳазору 806 нафар расидааст.

Лентаи хабарҳо
0