Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Филм барои +18 ё поинтар: тағйири қонуни Тоҷикистон “Дар бораи кино”

CC0 / Pixabay / tianya1223 / Пустой кинотеатр, архивное фото
Пустой кинотеатр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйирот ба қонун “Дар бораи кино”-ро қабул кард, ки мақомоти масъулро барои гуруҳбандии тамошобинон аз рӯи синну сол муваззаф мекунад

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Тағйирот ба қонун “Дар бораи кино” аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони  даъвати гузашта пешниҳод гардида буд, хабар дод “Ховар”.

Телекоммуникационная, аппаратная комната, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Узрхоҳии як шабакаи телевизионии Қазоқистон аз мардуми тоҷик

Бахтовар Сафарзода, масъули кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот зимни шарҳи тағйирот гуфт, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кино вазифадор мегардад, ки вобаста ба синну сол ба воситаҳои пахшкунандаи кино – филмҳо ва намоиши онҳо таснифбандӣ муқаррар намоянд.

“Сухан сари он меравад, ки пеш аз пахш ё намоиши кино масъулин бинандаро бояд огоҳ карда, аломатҳои +0, +6, +12, +16 ва +18-ро мувофиқ ба таснифбандии синнусолӣ, ки ба стандартҳои байналмилалии намоиши кино мувофиқат мекунад, гузоранд”, - навиштаст “Ховар” аз қавли Бахтовар Сафарзода.

Ба гуфтаи ин вакили мардумӣ, масъулин вазифадоранд ҳангоми пахши филмҳо дар як гӯша аломатҳои синну солро нишон диҳанд.

Тағйироти мазкур бо ҷонибдории аксарияти вакилони мардумӣ қабул гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала