Ноиби сарвазир бо омодагиҳо ба ҷашни 5500-солагии Саразм шинос шуд

© NakibMurodovИсматуллозода Ширин Исматулло муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
Исматуллозода Ширин Исматулло муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ширин Исматуллозода, муовини сарвазири Тоҷикистон, зимни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент бо ҷараёни корҳои омодагӣ ба ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ шинос гардид

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Исматуллозода зимни сафар, аз оромгоҳи Абуабдулло Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷрӯд, осорхона ва мавзеи оромгоҳ, меҳмонхонаи нав дар даромадгоҳи шаҳри Панҷакент ва дигар иншооти бунёдшаванда боздид кардааст, хабар дод “Ховар”.

#6113453 - Sputnik Тоҷикистон
Дар соли 2020 тоҷикистониёнро чӣ интизор аст?

Ба иттилои манбаъ, ноиби сарвазир инчунин бо корҳои сохтмонии бинои нави иловагии беморхонаи марказии шаҳр, бинои нави иловагии таваллудхонаи марказии шаҳр, сохтмони бинои иловагии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, ҶСК “Маърифатпарвар”, навсозии меҳмонхонаи  “Интурист”, меҳмонхонаи назди Раёсати омори шаҳр, ҷараёни корҳои сохтмонии бинои осорхонаи “Саразм”, МТМУ №72-и шаҳраки Саразм, МТМУ дар маҳаллаи аҳолинишини навбунёди деҳаи Бостондеҳи Ҷамоати деҳоти Саразм шинос гардидаст.

Қаблан  Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат, муайян карда буд, ки 12 сентябр  таҷлили 5500 солагии Саразм дар шаҳри Панҷакент баргузор шавад.

Дорогие украшения богатых женщин в средней Азии на рубеже XIX и XX веков - Sputnik Тоҷикистон
Аз сокинони Суғд дастпонаи нодири таърихии ашхоси доро барои осорхона харидорӣ шуд

Раисиҷумҳур Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистонро раиси Кумитаи ташкили ҷашни 5500-солагии Саразм таъин карда, ба ҳайати кумитаи ташкилӣ вазирону раисони Кумитаҳоро шомил намуд.

Вазорати фарҳанг, Академияи улум, Ҳукумати маҳаллии Суғд ва мақомоти дигарро барои амалисозии саривақтии чорабиниҳое, ки барои таҷлили 5500-солагии Саразм пешбинӣ шудаанд, муваззаф кард.

Мавриди зикр аст, ки ёдгории қадимаи Саразм тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон Исоқов кашф гардид.  Он дар 15- километрии ғарби шаҳри Панҷакент ва 45- километрии шарқи шаҳри Самарқанд ҷойгир шудааст. Майдони аввалаи он қариб 130 гектарро ташкил медод. Шаҳрак дар зарфи беш аз ҳазор сол ва бахусус дар давраҳои энеолити замони дер ва асри биринҷии замони барвақт рушд ёфтаааст.

Лентаи хабарҳо
0