Бонки ҷаҳонӣ: коронавирус таҳдидест барои иқтисоди Тоҷикистон

© AP / Mark SchiefelbeinЧерный понедельник на валютных рынках
Черный понедельник на валютных рынках  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки ҷаҳонӣ ахиран дар мавриди вазъияти иқтисодии Тоҷикистон гузориши ҷадиде мунташир кард. Дар ин гузориш гуфта шудааст, ки коронавирус метавонад барои иқтисоди Тоҷикистон миёншикан бошад

ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Бино бар ин гузориш, ҳамагирии тӯлонӣ муддати коронавирус, ташдиди таниш дар тиҷорати ҷаҳонӣ ё коҳиши амиқтари рушди иқтисодӣ дар иқтисодҳои бузурги минтақа аз тариқи коҳиши тиҷорат, сармоягузориҳои мустақим ва ирсоли пул бар иқтисоди Тоҷикистон таъсири манфӣ хоҳад гузошт, иттилоъ додааст хабаргузории Форс.

Черный понедельник на валютных рынках - Sputnik Тоҷикистон
Буҳрон дар пеш аст: Пас аз коронавирус иқтисоди Тоҷикистонро чӣ интизор аст?

Коршиносони ин бонк муътақиданд, ки мушкилоти сохтории иқтисоди Тоҷикистон низ бар чашмандози тавсеаи ин кишвар таъсир мегузорад.

Ба бовари ин коршиносон, мушкилоти мудириятӣ дар ширкатҳои давлатӣ аз ҷумла дар арсаҳои калидии иқтисод, хатароти ғайримустақими молии болоеро ба ҳамроҳ дошта, пойдории манобеи молиро таҳдид мекунад.

Таъхир дар иҷрои ислоҳоти сохтории мавриди ниёзи мутамарказ ба беҳбуди фазои тиҷорӣ ба унвони монеи тавсеаи бахши хусусӣ боқӣ хоҳад монд.

Сохту сози неругоҳи барқи обии Роғун аз ҳисоби будҷети давлатӣ ҳамчунон таҳдиди ҷиддиеро барои пойдории иқтисоди калон ва коҳиши бештари ҳазинаҳои иҷтимоӣ ба ҳамроҳ дорад.

Ислоҳот дар соҳаи андоз, барномаи бозсозии бахши энержӣ ва барномаи ислоҳоти бахши молӣ дар сурати иҷрои муваффақиятомез метавонанд дар миёнмуддат ба беҳбуди мудирияти молӣ ва муҳити тиҷорӣ кумак кунанд.

Лентаи хабарҳо
0