Ҳато як сомонӣ ҷудо накардаанд: маълум шуд, ки барои чӣ роҳҳои Хатлон таъмир намешаванд

Мақомоти вилояти Хатлон эълон намудааст, ки ноҳияҳои Панҷ, Носири Хусрав, Вахш, Шаҳритус ва Кӯшониён барои таъмири роҳҳои маҳалӣ ҳеҷ маблағе ҷудо накардаанд

ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи рӯзномаи “Фараж” дар се моҳи авали соли равон аз ҳисоби мақомоти ноҳияҳои Панҷ, Носири Хусрав, Вахш, Шаҳритус ва Кӯшониён барои таъмири роҳҳои маҳалӣ, ки  таъмиру нигоҳдории онҳо ба зимаи онҳо гузошта шудааст,  ҳеҷ маблағе ҷудо нашудааст.

Бино бар иттилои Файзуллозода Насруллоҳ сардори Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон,  барои таъмири роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта аз ҳисоби маблағҳои буҷети  8 шаҳру ноҳия  давоми  се  моҳи соли равон 307 ҳазору 366 сомонӣ  маблағ ҷудо шудааст.

Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода  - Sputnik Тоҷикистон
Қоҳир Расулзода аз рафти кори таҷдид ва навсозии роҳи Душанбе - Бохтар шинос шуд

Дар ҳамин ҳол, сармуҳандиси идораи мазкур Музафар Холиқов қайд кардааст, ки мувофиқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон, роҳҳои маҳаллӣ ба зиммаи мақомоти маҳал вогузор карда шудааст, аммо дар се моҳи аввали соли ҷорӣ ноҳияҳои  Вахш, Панҷ, Шаҳритус, Носири Хусрав  ва Кӯшониён барои таъмири роҳҳои маҳалӣ ҳато як сомонӣ ҷудо накардаанд.

Ҳамзамон, сардори Раёсати молияи ноҳияи Вахш Абдуқаҳор Улфатов зимни суҳбати телефонӣ бо рӯзномаи “Фараж” қайд кардааст, ки имсол барои таъмири рооҳҳои маҳаллӣ дар буҷети ноҳия маблағ пешбинӣ нашудааст.

“Соли гузашта 100 ҳазор ба нақша гирифта шуда буд ва беш аз 70 ҳазори он  ҷудо  гардид.  Агар қисми даромади буҷет барзиёд иҷро шавад, мо барои таъмири роҳҳҳои маҳаллӣ ҳатман имсол низ маблағ ҷудо хоҳем кард”, — гуфт вай.

Тибқи иттилои манбаъ, дар мувозинати Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар 1 ҳазору 980,7 км роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта мавҷуданд, ки 80 дарсади онҳо ба талабот ҷавобгӯ нестанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала