Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Авохири моҳи декабри соли 2020 мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Ситод: дар Исфара барои бе зарурат ба кӯча баромадани калонсолон тадбирҳо меандешанд

CC BY-SA 4.0 / vperemencom / Стоп коронавирус
Стоп коронавирус - Sputnik Тоҷикистон
Таҳти раёсати Раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода ҷаласаи навбатии Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 30 апр – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ, дар аввали ин ҷаласа Тайибиддин Муҳамедов, сардухтури беморхонаи марказӣ сардухтури МНДСЭ-и шаҳри Исфара ва Муҳиддин Назаров ва сардухтури Маркази саломатӣ Тӯраев вобаста ба вазъи тадбирандешиҳо барои пешгирии бемориҳои сироятӣ дар қаламрави шаҳру деҳоти Исфара маълумоти пурра доданд.

Девушка в защитной маске - Sputnik Тоҷикистон
Ситод: коронавирус дар Тоҷикистон нест, аммо бемории илтиҳоби шуш авҷ гирифтааст

Сипас Акрам Сулаймонзода, раиси шаҳри Исфара, барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус таъкид доштааст, ки ин ҳама тадбирҳо барои пешгирии бемории сироятӣ роҳандозӣ гардида, масъулин бояд ҷиҳати корҳои фаҳмондадиҳӣ ба аҳолӣ, назорати кӯдакону наврасон зимни таътил, бидуни зарурат ба кӯча набаромадани калонсолон тадбирҳо андешанд.

Таъкид гардид, ки кори бомароми бозорҳо бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ зери назорат гирифта шуда, тадбирҳои безараргардонӣ дар муассисаҳои таълимӣ, корхонаву муассисаҳо ва кӯчаву хиёбонҳо вусъат бахшида шавад.

Ёдрас мешавем, ки ахиран дар ситоди ҷумҳуриявӣ ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон қарор қабул карда шуд, ки дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ шурӯъ аз рӯзи 27-уми апрел то 10-уми майи соли 2020 муваққатан таътил эълон карда шавад.

Маруф Мухаммадзода - Sputnik Тоҷикистон
Ситоди шаҳри Хуҷанд: бозорҳо назорат шаванд ва савдои кӯчагӣ аз байн бардошта шавад

Ҳамчунин тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими амнияти озуқаворию таъмини бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти ватанӣ аз таърихи 25-уми апрели соли 2020 муваққатан аз ҳудуди ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар содирот кардани ҳама гуна маҳсулоти ғалладонагию лубиёгиҳо, аз қабили орду гандум, шолӣ, биринҷ, наск, нахӯду мош, тухми паранда, картошка ва ҳама намуди гӯшт манъ гардид.

Дар асоси қарори Ситод дар тамоми қаламрави Тоҷикистон муваққатан ташкил ва гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳои оммавӣ, аз қабили машварату ҳамоишҳо, чорабиниҳои варзишӣ, намоишҳои кино ва театр манъ карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала