Мақомоти Эрон: шумори шифоёфтагон аз 75 ҳазор бештар шуд

© REUTERS / WANAМужчина в защитной маске едет на мотоцикле по улице в Иране
Мужчина в защитной маске едет на мотоцикле по улице в Иране - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, то кунун 75 ҳазору 103 нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд

ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik.  Киёнӯши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон ахиран дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфт дар 24 соати ахир дар ин кишвар 983 бемори ҷадид ба қайд гирифта шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
15 мавриди "вируси корона" дар Тоҷикистон: эътирофи расмӣ

Вай афзуд,  то кунун дар Эрон 94 ҳазору 640 нафар ба вируси корона мубтало шудаанд.

Ҷаҳонпур ҳамчунин қайд кард, ки дар 24 соати ахир фавти 71 нафар ба қайд гирифта шудааст.  Дар маҷмӯъ, шумори  фавтидагон аз вируси корона дар Эрон ба 6 ҳазору 28 нафар расидааст.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 3 миллиону 232 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам 228 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва беш аз як миллион нафар низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0