Раҳмон маоши якмоҳаашро барои мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон таҳвил дод

Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон маоши якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст, таҳвил дод

ДУШАНБЕ, 1 мая — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз фонди Президенӣ барои пардохти моҳонаи пизишкон дар тӯли се моҳ 12,4 миллион сомонӣ маблағ ҷудо кард.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон на заседании правительсва - Sputnik Тоҷикистон
Аз коронавирус то кишоварзӣ: Маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардид

“Имрӯз, 1 майи соли равон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои дар муддати се моҳ барои пардохти иловапулӣ дар ҳаҷми як маоши вазифавӣ ҳармоҳа ба музди меҳнати амалкунандаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки бевосита дар раванди ташхис ва табобати сирояти коронавирус дар муассисаҳои табобатӣ ва таҳти карантин қарордодашуда иштирок менамоянд, аз ҳисоби Фонди захиравии Президент 12,4 миллион сомонӣ маблағ ҷудо намуд”, - қайд кардааст манбаъ.

Ҳамчунин, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маоши вазифавии якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст, таҳвил дод.

Дафтари матбуоти раисҷумҳур қайд кардааст, ки ин иқдом Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар барои таъмини кафолати иҷтимоии кормандони соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пешгирӣ ва табобати беморӣ равона шудааст.

Ёдрас мешавем, ки дирӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Тоҷикистон ба Ситоди доимоамалкунанда, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор оид ба тақвияти корҳои пешгирикунанда ва мубориза бар зидди вируси нави COVID-19 дастуру супоришҳои иловагӣ дод.

Лентаи хабарҳо
0