Кӯмак: Коженов байни муҳоҷирон хӯрока тақсим кард - Навор

Обуна шудан
Ташкилоти Федератсияи муҳоҷирони Русия барои кӯмак ба муҳоҷирони ниёзманд маблағ ҷамъ оварда, байни онҳо хӯрока тақсим кард

Роҳбари ФМР Вадим Коженов мегӯяд, ин иқдом қадами аввалин дар кӯмак ба муҳоҷирони ниёзманд аст ва ташкилот мақсад дорад, ба наздикӣ боз ба 5 ҳазор муҳоҷир маводи хӯроквории ниёзи аввал тақсим кунад. Дар умум чунин кӯмакҳо ба 20 ҳазор нафар расонида мешаванд.

"Вақтҳои ахир нафарони зиёде ба суратҳисоби федератсия барои кӯмак ба муҳоҷирон пул мефиристанд. Чанде пеш як нафар 30 ҳазор ирсол карда буд. Мо ҳамаи он маблағҳоро ҷамъ оварда, дар 600 қуттӣ хӯрока, аз қабили чой, равған, макарон, шакар, ширқиём ва ғайраҳо харидорӣ кардем ва онро дар хобгоҳҳову хонаҳо тақсим мекунем", - қайд кард Коженов.

Роҳбари федератсия ёдрас мешавад, ки бештари муҳоҷорони хобгоҳҳо дар сохтмон кор мекарданд, ки бо оғози бӯҳрони пандемия бекор монданд.

Пештар раисҷумҳури Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонид, ки мувофиқи он як қатор маҳдудиятҳо барои муҳоҷирон бардошта шуданд.

Лентаи хабарҳо
0