Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Авохири моҳи декабри соли 2020 мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Мулоқот бо намояндагони Созмони ҷаҳонии беҳдошт анҷом ёфт: тарафҳо ба чӣ хулоса расиданд?

Якуми май ҳайати намояндагии Созмони ҷаҳонии беҳдош (СҶБ), ки ба он коршиносони соҳаи тандурустӣ ва эпидемиологҳо шомиланд, ба шаҳри Душанбе омада буданд

ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Ҳайати мазкур бо мансабдорони баландпоя, шарикони соҳаи тандурустӣ ва мутахассисони соҳаи Тоҷикистон  мулоқот карда, дар якҷоягӣ барои арзёбии хатарҳо ва фаҳмидани вазъ дар маҳалҳо, инчунин  ҷиҳати таҳияи механизмҳои вокуниш, аз ҷумла иқтидори озмоишӣ-лабораторӣ  кумак хоҳанд намуд, иттилоъ додааст хабаргузории АМИТ “Ховар” дар истинод ба дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ.

Абдуқодири Рустам адиби тоҷик - Sputnik Тоҷикистон
Зӯри адабиёт: раҳоии адиби маъруфи тоҷик аз “вируси корона”

Бино бар иттилои манбаъ, дафтари минтақавии СҶБ дар Аврупо  зимни мулоқот  ба мақомоти Тоҷикистон барои мусоидат дар ташкили сафари ин ҳайат ба ҷумҳурӣ дар  чунин шароити мураккаби  ҷаҳон,  ҳамчунин барои шарикӣ дар ҳалли мушкилоти марбут ба COVID-19  ва ҳамкории тӯлонӣ   изҳори сипос намуд.

Ҳамчунин зикр шуд, ки  аз соли 1992 инҷониб дафтари Намояндагии СҶБ дар Тоҷикистон ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон оид ба тақвияти системаи тандурустии кишвар кӯмаки техникӣ мерасонад.

Дар тӯли ду моҳи охир  СҶБ тақрибан 60 миссияҳои марбут бо COVID-19-ро ташкил намуда, дар самтҳои гуногун, аз ҷумла дастгирии ташхисгоҳӣ, назорати беморӣ, банақшагирии амалиётӣ ва омодагии беморхонаҳо, роҳнамоии техникӣ расонидааст.

Инчунин СҶБ сарфи назар аз мушкилоти мавҷудаи марбут ба бастани сарҳадот ва маҳдудияти нақлиёти ҳавоӣ  ирсоли коршиносонашро барои дастгирии кишварҳо  бар асоси дархости онҳо, дар ҷое ки лозим аст идома медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала