Муроҷиати раиси Хатлон ба тоҷирону доруфурӯшон: аз вазъияти пешомада сӯйистифода накунед

Обуна шудан
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон зимни як муроҷиат ба сокинониин минтақа аз тоҷирон ва доруфурӯшон даъват кардааст, аз вазъи пешомада суистифода накунанд

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Раиси вилояти Хатлон гуфтааст, дар вилоят тамоми имконияту захираҳоро барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ ва маводи беҳдоштиву дорувориро дорем. 

Приветственная арка перед въездом в город Куляб. архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бистарӣ шудани 30 нафар, аз ҷумла ноиби шаҳрдор дар Кӯлоб бо илтиҳоби шуш: шарҳи сардухтур

“Ҷойи тарсу ҳарос нест, аммо бо истифода аз фурсат мехостам, ба тоҷирон ва доруфурӯшон муроҷиат намоям, ки аз вазъи баамаломада набояд сӯйистифода намоянд. Беасос баланд бардоштани нархи маҳсулоти озуқа, маводи доруворӣ хилофи арзишҳои башардӯстона буда, боиси ба миён омадани нофаҳмӣ дар миёни мардум ва касод шудани буҷаи оилаҳо мегардад”,- гуфтааст, Ҳакимзода.

Номбурда гуфтааст, шаҳрвандон вобаста ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва беҳдоштӣ метавонанд ба Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ, интиқол ва паҳншавии бемории сироятии нави коронавирус (CОVID-19) тариқи телефонҳои боварӣ (8 3222 2-44-78; 8 3222 2-22-73; 918-81-27-41) муроҷиат намоянд.

“Фаъолияти бозору фурӯшгоҳҳо, муассисаҳои тандурустӣ ва дигар сохторҳои иҷтимоӣ  таҳти назорат қарор дошта, аз ҳамаи шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои санитарию гигиенаи шахсиро қатъиян риоя намоянд”,-афзудааст раиси вилоят.

Мужчина в маске на улице в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Афзоиши гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон: дар кадом шаҳру вилоят чанд нафар?

Ӯ гуфтааст, дар ин рӯзҳо барои ҳар як шаҳрванд муҳим аст, ки муваққатан аз иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ худдорӣ намуда, то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ реҷаи истифодаи ҳатмии ниқобҳои тиббиро риоя кунад.

Ба таъкиди раиси вилоят, риояи гигиенаи шахсӣ дар оила (мунтазам шустани дастон бо собун, коркарди ашёҳои истифодашаванда (телефони мобилӣ) ва истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ), поккории манзили зист ва гирду атрофи он, ҳангоми гаштугузор ва суҳбат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риояи фосилаи на кам аз 1,5 метр, безарурат аз хона набаромадан, махсусан шахсони аз 60-сола боло, ба рӯю бинӣ, чашм ва даҳон даст нарасонидан, бештар ба варзиш ва ташаккули тарзи ҳаёти солим машғул шудан, бо даст салом накардан, ба кӯдакон дар давраи таътили муваққатӣ тавсияи хониши китобҳои бадеӣ аз ҷумлаи тадбирҳои муҳимми пешгирӣ аз сироятёбӣ ба коронавирус мебошад.

Қурбон Ҳакимзода, аз сокинон даъват намудааст, ки ба саломатии худ ва аҳли оила, инчунин ба меҳнатдӯстӣ ҷалб намудани хонавода диққати ҷиддӣ дода, ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёр доштаро самаранок истифода намоед ва ҷиҳати рӯёнидани ду-се ҳосил аз як замин ва дар ин замина таъмини захираи озуқа барои ду соли оянда чораандешӣ кунед.

 

Лентаи хабарҳо
0