Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Авохири моҳи декабри соли 2020 мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Сипоси раиси Исфара аз соҳибкорони маҳалӣ ва бурунмарзӣ барои кумак ба пизишкон

© Пресс-служба города ИсфараСулаймонзода Акрам Раиси шаҳри Исфара
Сулаймонзода Акрам Раиси шаҳри Исфара - Sputnik Тоҷикистон
Раиси шаҳри Исфара эълон намудааст, ки соҳибкорони бурунмарзии зодаи шаҳру деҳоти Исфара аз минтақаҳои гуногуни Русия барои пизишкон лавозимоти тиббӣ равон карданд.

ДУШАНБЕ, 7 май – Sputnik. Сулаймонзода Акрам Раҳим , раиси шаҳри Исфара дар як паёмаш эълон доштааст, ки соҳибкорони бурунмарзии зодаи шаҳру деҳоти Исфара, ки дар минтақаҳои гуногуни Русия, аз ҷумла шаҳри Маскав кору зиндагӣ доранд, 100 маҷмӯъ либосҳои махсуси ҳимоявӣ, ба маблағи умумии 45 ҳазор сомонӣ, равон ва ба беморхонаи марказии шаҳр тақдим карда шуд.

Деньги в кошельке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Маоши муовини раиси шаҳри Исфара ошкор шуд

Ҳамчунин ӯ таъкид доштааст, ки 40 маҷмӯи либосҳои махсус, ки бо кумаки соҳибкорони хайрандеши ворухӣ харидорӣ шудааст ба беморхонаи минтақавии Ворух низ дастрас хоҳад шуд.

Ҳамчунин вай афзуд, ки дар рӯзҳои оянда боз миқдори муайяни доруҳои зиддивирусӣ аз ҷониби соҳибкорони дохилӣ ва бурунмарзӣ  дастраси муассисаҳои тандурустӣ мегардад.

Раиси шаҳри Исфара ёдрас шудааст, ки бо ташаббусу иқдоми соҳибкорони Матлубиддин Қозиев ва Абдуризо Абдулахатов ва ҳамсафони онҳо 5 рӯз қабл аз ин дар Русия иқдоми наҷиб ҷиҳати таъсиси гурӯҳи эҳсонкорон ҷиҳати дастгирии мардуми худ дар муборизаи бо бемории сироятии Коронавирус рӯйи кор омад ва аз ҷониби кулли соҳибкорони зодаи Исфара ҷонибдории васеъи худро пайдо кард.

Инчунин, Сулаймонзода Акрам Раҳим аз  соҳибкорон Исроилҷон ва Нарзуллоҷон Улмасовҳо ва Абдуҷалил Савриддинов, ки дар ин рӯзҳои неки моҳи шарифи Рамазон ба зиёда аз 5000 нафар сокинони камбизоату эҳтиёҷманди шаҳру деҳот бо маводи ғизоӣ кӯмак расонида истодаанд, изҳори сипос кардааст.

“Мақомоти шаҳри Исфара итминони комил дорад, ки мо бо сарҷамъию муттаҳидӣ, саъю талоши якҷоя ва албатта, бо кумаку дастгирии ҷомеаҳои меҳнатӣ, бо саъю кӯшиши муштараки сокинону соҳибкорони бонангу номуси шаҳру деҳотамон ин мушкилотро паси сар мекунем, аз ин вируси корона раҳоӣ меёбем ва ба рӯзгори орому осоиштаи худ идома мебахшем”, - гуфтааст раиси шаҳри Исфара.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала