Ҳарифи навбатии Ҳабиб дақиқ шуд

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузаштан ба хазинаи акс Хабиб Нурмагомедов, боец смешанного стиля, чемпион абсолютного бойцовского чемпионата (UFC) в легком весе
 Хабиб Нурмагомедов, боец смешанного стиля, чемпион абсолютного бойцовского чемпионата (UFC) в легком весе - Sputnik Тоҷикистон
Рақиби навбатии Ҳабиб Нурмуҳаммадов размикори доғистонӣ ва қаҳрамони  UFC барои рақобати ояндаашд маълум гашт

ДУШАНБЕ, 10 май – Sputnik. Дана Уайт, президенти UFC қаблан эълон кард, ки ғоли рақобати Тони Фергюсон ва Ҷастин Гэтжи бо размикори доғистонӣ муҳориба хоҳад кар.

Тони Фергюсон - Sputnik Тоҷикистон
Тони Фергюсон аз Ҷастин Гэтжи шикаст хӯрду аз рақобат бо Ҳабиб маҳрум шуд

Рузи гузашта мусобиқаи UFC 249 дар Ҷексонвилл (Флорида) доир гашт, ки дар он СФергюсонро шикаст дод.

Ҳаминтавр тибқи гуфтаи раҳбарияти UFC Ҷастин Гэтжи рақиби навбатии Ҳабиб Нурмуҳаммадов хоҳад шуд.

Пас аз мубориза бо Фергюсон Ҷастин Гэтжи камарбанди муваққатии қаҳрамони UFC -ро ба замин партофт. Вақте аз ӯ пурсиданд, ки чаро ин корро кардааст, варзишгар ҷавоб додааст, ки камарбанди ҳақиқияшро мунтазир аст.

 "Ман интизори камарбанди воқеӣ ҳастам. Ҳабиб беҳтарин дар ҷаҳон аст. Ман чор сол инҷониб барои чунин озмоишҳо кор мекунам ва шодам, ки ИМА-ро дар муқобили беҳтарин муборизи Доғистон ё Русия намояндагӣ мекунам. Вай дар 28 дидор 28 ғалаба ба даст овардааст. Ман вазифаи дигареро намехоҳам, ман мехоҳам бо он мубориза барам”,-гуфтааст, Гэтҷи.

Боец смешанного стиля, чемпион абсолютного бойцовского чемпионата (UFC) в легком весе Хабиб Нурмагомедов  - Sputnik Тоҷикистон
Дана Уайт гуфт, ки Ҳабиб кай ба майдон мебарояд

Нурмуҳаммадов низ дар саҳифаи Твиттераш навиштааст: "Дар ин варзиш ва махсусан дар ин вазн ҳама вақт шерҳои гурусна дар пушти шумо нафас мекашанд. Агар шумо истироҳат кунед кунед, хотима хоҳед ёфт. Баъзеҳо тарк мекунанду дигарон меоянд ва ин чизи ҳайратовар нест. Ман пеш аз тир афтодан намехоҳам. Мо то ҳол мубориза хоҳем бурд. ”Навиштааст Нурмуҳаммадов.

Муҳорибаи навбатии Ҳабиб қариб баъди як соли танаффус дар назар аст, тирамоҳи соли ҷорӣ доир шавад.

Қаблан худи Ҳабиб Нурмуҳаммадов низ гуфта буд, ки дар моҳи шарифи Рамазон рӯза мегирад ва дар ин давра дар ягон рақобат ширкат намекунад.

Ҳамчунин ӯ қайд кард, ки пас аз доштани рӯза дар давоми 45 рӯз барои барқарор шудани вазнаш лозим аст. Ҳамин тавр, рақобати навбатии варзишкор дар давраи тирамоҳ хоҳад гузашт.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала