Тони Фергюсон аз Ҷастин Гэтжи шикаст хӯрду аз рақобат бо Ҳабиб маҳрум шуд

© AP / John LocherТони Фергюсон
Тони Фергюсон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тони Фергюсон Размикори амрикоӣ дар мусобиқаи UFC 249 барои дарёфти камарбанди муваққатии қаҳрамонӣ аз ҳамватани худ Ҷастин Гэтжи шикаст хӯрд.

ДУШАНБЕ, 10 май – Sputnik. Тони Фергюсон дар рақобат барои унвони муваққатии Чемпионати Мутлақ (UFC) дар вазни сабук ба намояндаи дигари Иёлоти Муттаҳида Ҷастин Гэтжи мағлуб шуд.

Американский боец UFC Тони Фергюсон - Sputnik Тоҷикистон
Расман рақиби нави Тонӣ Фергюсон муайян шуд

Мубориза дар Ҷексонвилл (Флорида) дар доираи мусобиқаи UFC 249 баргузор шуд ва Ҷастин Гэтжи Тони Фергюсонро дар даври панҷум ба таври техникӣ мағлуб кард.

Пас аз мубориза Ҷастин Гэтжи камарбанди муваққатии қаҳрамони UFC -ро ба замин партофт. Вақте аз ӯ пурсиданд, ки чаро ин корро кардааст, варзишгар ҷавоб додааст, ки ҳақиқиашро мунтазир аст.

Барои Тони Фергюсон ин нахустин бохт пас аз 8 сол аст. Ӯ ахиран 5-уми майи соли 2012 аз Майкл Ҷонсон шикаст хурда буд.

Тибқи нақшаи тарҳрезишудаи пешакӣ, 18 апрел Тони Фергюсон мебоист бо Ҳабиб дар доираи UFC 249 рақобат кунанд, аммо ин чорабинӣ бинобар сабаби паҳншавии коронавирус лағв шуд ва пеш аз он UFC ба ҷойи Ҳабиб барои Фергюсон рақиби нав пайдо кард.

Дана Уайт гуфт, ки Ҳабиб кай ба майдон мебарояд

Аммо баъдан Дана Уайт эълон кард, ки ин мусобиқа 9 май дар Ҷексонвил баргузор мешавад. Ба ҷои Нурмуҳаммадов, Фергюсон бо Ҷастин Гэтҷӣ рақобат хоҳад кард.

Қаблан худи Ҳабиб Нурмуҳаммадов низ гуфта буд, ки дар моҳи шарифи Рамазон рӯза мегирад ва дар ин давра дар ягон рақобат ширкат намекунад.

Лентаи хабарҳо
0