Омори гирифторони ВНМО: қиссаи Нигина, ки аз шавҳараш сироят шуд

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузариш ба медиабонкЦентр по профилактике и борьбе со СПИДом
Центр по профилактике и борьбе со СПИДом - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон вазъи гирифторӣ ба бемории ВНМО - ро шаҳр дода, иттилоъ додааст, ки давоми бештар аз 28 соли охир, 12 ҳазору 420 нафар сокинони кишвар ба ин маризӣ сироят шудаанд

ДУШАНБЕ, 11 май – Sputnik. Ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” дар як матлаб вазъи бемории ВНМО (ВИЧ) - ро таҳқиқ намуда, иттилоъ додааст, ки давоми даҳ соли охир сурати афзоиши ин беморӣ дар кишвар ба 25 % баробар шудааст.

"Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар аз соли 1991 то 31 марти соли ҷорӣ 12 ҳазору 420 нафар ба ВНМО гирифтор шудаанд. Аз ин шумора 7965 нафари онро мардон (64, 1%) ва 4455 нафари онро занон (35, 9%) ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумӣ то ҳол 9072 нафар дар қайди ҳаёт буда, зиёда аз 3 000 нафари дигар ҷони худро аз даст додаанд", -  гуфтааст, “Ҷавонони Тоҷикистон”.

Лаборатория иммуноферментных исследований, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Панҷ зан 47 мардро олудаи ВНМО кардаанд: афзоиши ҷинояткории занон

Коршиносони соҳа, дар суҳбат бо ҳафтанома иброз намудаанд, ки 80%- и гирифторони ВНМО дар Тоҷикистонро ҷавонони аз 20 то 39 сола ташкил медиҳанд.

Ба гуфтаи Саида Муниева, мутахасисони соҳаи пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО, бисёриҳо ба ин маризӣ аз ҳисоби алоқаи ҷинсӣ сироят ёфтаанд. Ба гуфтаи мутахассисон, муҳоҷирати меҳнатӣ аз омилҳое буда, ки ба афзоиши раванди ин беморӣ дар миёни ҷавонони тоҷик бетаъсир намондааст.

"Ҷавонони Тоҷикистон" ҳамчунин дар матлаби худ чандин мисолҳоеро гирд овардааст, ки дар он сокинон, асосан ҷавонон дар бораи чь гуна сироятёбии худ ба ВНМО нақл мекунанд.

Яке аз онҳо Нигина ҷавонзани 23 сола буда, иброз намудааст, ки ин беморӣ ба ӯ, аз шавҳараш сироят кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, шавҳараш қаблан дар муҳоҷират қарор дошта, ба ин маризӣ гирифтор шудааст.

"Қабл аз тӯй намедонистам, ки ҳамсарам ба ин беморӣ гирифтор аст. Пас аз тӯй ҳамсарам табаш баланд шуд ва ӯро ба беморхона бурдем, ки ташхис мутаассифона ВНМО баромад. Маълум шуд, ки қабл аз тӯйи арусиамон ӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта буд ва ин бемориро бо худ овардааст”, - зикр намудааст Нигина.

Ин ҷавонзан гуфтааст, ки ҳоло дар батн ҷанини се моҳа дорад ва шукр мекунад, ки чизе ба кӯдаки ояндаи онҳо сироят нашудааст. Ӯву шавҳараш ҳоло барои ин, ки кӯдаки онҳо солим ба дунё ояд, ҳама тавсияи духтурронро ба иҷро мерасонанд.

Врачи в операционной, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аз норасоии табибон то афзоиши сирояти ВНМО: нигаронии прокурорҳо дар Суғд

Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории вируси норасоии масунияти одам, мег=яд сатҳи паҳншавии ин беморӣ дар Тоҷикистон аз лиҳози шумори аҳолӣ дар муқоиса дигар кишварҳо пасттар меҳисобад.

Дилшод Сайбурҳонов, муовини сардори Марказ гуфтааст, ки меъёри сироятёбии шаҳрвандон ба ВНМО дар кишвар ҳоло 115 маврид ба сад ҳазор аҳолӣ рост меояд, ва ин нишондод дар муқоиса ба кишвари Қазоқистон баланд буда, вале назар ба омори кишварҳои Русия ва Украина поён аст.

Дар Қазоқистон ба сад ҳазор аҳолӣ 143 ҳолат, Украина 670 ҳолат ва Русия 700 мавриди гирифторӣ ба ВНМО ба қайд гирифта шудааст.

Дар Тоҷикистон чандин барномаи давлатии муқовимат бо бемории ВНМО қабул шудааст, ки он бо кӯмаки ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмиллалӣ амалӣ карда мешавад. Яке аз он “Барномаи миллии пешгирии бемории ВНМО барои солҳои 2017-2020” гуфта мешавад.

Лентаи хабарҳо
0