Ду Президенти як давлат ба тавофуқ расиданд: буҳрони сиёсии Афғонистон хотима меёбад?

© Photo / ارگАбдулла Абдулла и Мухаммед Ашраф Гани
Абдулла Абдулла и Мухаммед Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон
Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури феълии Афғонистон ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки худро пас аз интихоботи ахири раёсатҷумҳури дар ин кишвар пирӯз эълон карда буд, ба тавофуқ расидан

ДУШАНБЕ, 12 май – Sputnik. Яке аз манобеи кохи раёсатҷумҳурии Афғонистон гуфт, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, мудири собиқи иҷроии давлати Афғонистон дигар тасмимоти мақомҳои Афғонистонро ба чолиш намекашад ва Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳурӣ аз сӯи вай ба расмият шинохта мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории Садои Хуросон.

Абдулла Абдулла  - Sputnik Тоҷикистон
Идомаи буҳрони сиёсӣ дар Афғонистон: Абдуллоҳ Абдуллоҳ боз ба Ашраф Ғанӣ ҳушдор дод

Ба гуфтаи ин манбаи огоҳ, Абдуллоҳ дар раванди сулҳ нақши раҳбарӣ хоҳад дошт ва нақши вай дар дохили давлат низ баъдан эълом мешавад.

Ҳам Ашраф Ғанӣ ва ҳам Абдуллоҳ Абдуллоҳ пас аз интихоботи раёсатҷумҳурии мавриди муноқишаи сентябри гузашта худро раиси ҷумҳури Афғонистон медонистанд.

Омодагии СММ барои ҳали буҳрони интихобот дар Афғонистон

Ашраф Ғанӣ маҷбур шуд то бо Абдуллоҳ, ки акнун масъули ниме аз мақомҳо дар кабинаи вазирон хоҳад буд, мувофиқат кунад.

Ин манбаи огоҳ дар кохи раёсатҷумҳурии Афғонистон ҳамчунин гуфт, ду тараф қарор аст дар рӯзҳои оянда тавофуқи иштироки қудратро имзо кунанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала