Рейд ба дорухонаҳо: фурушанда як қути “Арбидол”-ро 250 сомонӣ мефурӯхтааст

© Sputnik / © SputnikАптека в Таджикистане, архивное фото
Аптека в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони Прокуратураи шаҳри Душанбе ҳамроҳ бо Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар дорухонаҳои пойтахт барои беасос баланд бардоштани нархи дорувориҳо рейдҳо анҷом додааст

ДУШАНБЕ, 12 май – Sputnik. Прокуратураи шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо кормандони Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳолатҳои ғайриқонунӣ ба муомилот баровардани маводи дорувории пастсифат ва қалбакӣ, ба таври сунъӣ баланд бардоштани нархи дорувориҳо ва лавозимоти тиббиро дар дорухонаҳои шаҳри Душанбе мавриди санҷиш қарор дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон.

Сотрудница аптеки разбирает лекарства, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мақомот санҷид: дору ҳаст, дорухонаҳо ба таври сунъӣ давоҳоро пинҳон медоранд

Бино бар иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани санҷиш дар шаҳри Душанбе муайян карда шуд, ки як зумра соҳибкорон ва шаҳрвандони алоҳида, бо истифода аз вазъи хуруҷи пандемияи ба вуқӯъомада бо роҳи фиреб кардани истеъмолкунандагон нархи доруҳои зиддивирусиро якчанд маротиба қимат намуда, ба шаҳрвандони алоҳида фурӯхтаанд.

Дар натиҷаи хариди санҷишӣ дар дорухонаи “Шифои Сино”, воқеъ дар кӯчаи Ҳилолӣ, 17 маълум карда шуд, ки шаҳрванд Таҷалов Исмоил Бобоназарович, бидуни маълумоти махсуси фармасевтӣ ба фурӯши маводи доруворӣ машғул шуда, 5 адад қуттии дорувории зиддивирусии “Арбидол”-ро, ки нархи як адади он 45-57 сомонӣ дар фурӯш муқаррар шудааст, ба харидори шартӣ бо нархи 250 сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 1250 сомонӣ фурӯхта, даст ба фиреби истеъмолкунанда задааст.

Ҳамзамон дар натиҷаи азназаргузаронии ин дорухона 4 номгӯй маводи доруҳои муҳлати истеъмолашон гузашта дарёфт ва аз муомилот гирифта шуданд. Ё ин ки зимни гузаронидани санҷиш маълум гардид, ки шаҳрванд Саидов Абдурофеъ Абдумаликович, сокини шаҳри Душанбе, бидуни маълумоти махсуси фармасевтӣдар дохили мошини худ- тамғаи Тойота-Кемри 100 адад ниқобҳои тиббии махсус, 50 адад дорувории  “Левофлаксатсин”, 5 адад доруи  “Арбидол”, 5 адад доруи “Азитромитсин”, 5 адад доруи “Эргоферон”-ро берун аз дорухонаи худ, воқеъ дар хиёбони И.Сомонии ноҳияи Сино нигоҳ дошта, нархи онҳоро ба маротиб зиёд намуда, ба фурӯш гузоштааст.

Дар натиҷаи санҷиши дорухонаи мансуб ба Саидов А.А., инчунин 3 номгӯй доруҳои муҳлати истеъмолашон гузашта, 15 номгӯй доруҳои бе сертификат ва бе ҳуҷҷатҳои расмии воридотӣ дарёфт ва аз муомилот гирифта шуданд.

Задержание недобросовестных продавцов медицинскими препаратами в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти "Ҳоҷиёдгор"-и доруфурӯш: аз ҳисоби гарон кардани нархи дору ду "Лексус" харидааст

Ба ин монанд шаҳрванд Ёқубова Гулгунча Давроновна дар дохили мошини шахсияш- тамғаи Тойота-Кемри, ба шаҳрвандон молҳои тиббии махсусро, аз қабили 33 адад қуттии дастпӯшакҳо бо нархи як куттии он 180 сомонӣ, либоси махсуси тиббӣ (скафандр) 55 дона бо нархи 120 сомонӣ, айнакҳои муҳофизатӣ 80 дона ба маблағи 30 сомонӣ бидуни ҳуҷҷатҳои расмӣ ва иҷозати Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба фурӯш баровардаааст.

Манбаъ зикр намудааст, ки нисбат ба шахсони дар боло зикршуда парвандаҳои маъмурӣ оғоз карда шуда, номбурдагон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд ва маҳсулоти дорувории мазкур барои муолиҷаи беморон ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе супорида шуданд.

Инчунин аз ҷониби гурӯҳи кории прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур  дар ин самт санҷиши прокурорӣ амалӣ карда шуда, муайян гардид, ки шаҳрванд Исмоилов Сафарбек Ҳасанович, соли таваллудаш 1989, оиладор, соҳиби се фарзанд, дар дорухонаи воқеъ дар кӯчаи Н.Муҳаммад бинои 9, ба фурӯши доруворӣ машғул шуда, ба шаҳрвандон 10 қуттӣ доруи навъи “Арбидол”-ро ҳар кадомаш ба маблағи 185-сомонӣ, аз нархи муайяншуда қиматтар фурӯхта, аз он фоида ба даст овардааст.

Нисбати ӯ б парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0