Муовини сарвазир: беморон баъди солим шудан бояд зери назорати пизишкон қарор бигиранд

© NakibMurodovИсматуллозода Ширин Исматулло муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
Исматуллозода Ширин Исматулло муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Муовини сарвазири Тоҷикистон дар яке аз ҷаласаҳои ситоди вилояти Суғд таъкид доштааст, ки беморон баъди комилан солим шудан ба хонаҳояшон баргарданд ва зери назорати духтурони оилавӣ қарор гиранд

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Ширин Исматуллозода, муовини сарвазири Тоҷикистон ахиран дар меҳмонхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ доир ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус дар вилояти Суғдро баргузор кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд.

Сотрудники медицинской службы в аэропорту Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Ситоди Хуҷанд: пизишкон ва дорухонаҳо бо тамоми лавозимоти тиббӣ таъминанд

Муовини сарвазири кишвар аз масъулин даъват кардааст, ки аз тамоми имконият ва иқтидорҳо барои пешгирӣ ва муолиҷаи ин беморӣ, ки аз ҷониби Давлату Ҳукумат муҳайё шудааст, истифода намоянд.

“Дар сурати зарурат кӯмакҳои иловагӣ ба беморхонаҳо сафарбар карда мешаванд. Бояд беморон баъди комилан солим шудан ба хонаҳояшон баргарданд ва зери назорати духтурони оилавӣ қарор гиранд”, - таъкид доштааст Ширин Исматуллозода.

Инчунин муовини сарвазир зикр кардааст, ки дар сурати норасоии духтурон, метавон аз захираҳои ҷойдоштаи дохилӣ самаранок истифода бурд.

“Ҳамзамон истифодаи таҷрибаи табобат дар хонаро низ роҳандозӣ кард, ки дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе натиҷаи хуб ба бор оварда истодааст”, - гуфт ӯ.

Ширин Исматуллозода бори дигар барои тақвияти бештари корҳо дар самти мубориза бар зидди паҳншавии бемории “Covid-19” дар вилояти Суғд намуда, аз масъулин талаб кард, ки барои пешниҳоди муаммову мушкилоти ҷойдошта фаъол бошанд ва дар якҷоягӣ барои рафъи он чораҳо андешанд.

Заместитель премьер-министра Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Муовини сарвазир хостори қарантинаи шадиди сокинони Хатлон шуд

Супориши муовини сарвазир: аз қиматшавии доруворӣ дар вилояти Суғд ҷилавгирӣ кунед

Ширин Исматуллозода гуфт, ки роҳбарияти вилоят шабонарӯз фаъолият дорад то  табибон дар мубориза бо ин вирус ягон камбудӣ надошта бошанд.

Вай афзуд барои ба истироҳат фаро гирифтани табибон дар ояндаи наздик чораҳо андешида хоҳад шуд.

Ёдрас мешавем, ки Ширин Исматуллозода, муовини сарвазири Тоҷикистон айни ҳол бо сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор дорад. Ӯ  масъули Ҳукумати кишвар барои пешгирии бемории каронавирус дар вилояти Суғд таъин шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала