Садамаи мудҳиш дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд: 3 куштаву 5 захмӣ барҷой гузошт

© Sputnik / Александр НестеровДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи як садамаи мудҳиш дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд - Чаноқ се нафар ҳалок шудаву панҷ тан захмӣ гаштаан

ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бо тасдиқи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, садама рӯзи гузашта соати 10:15 дақиқа дар километри 278-ум шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд - Чаноқ рух додааст.

ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи мудҳиш дар шоҳроҳи "Хуҷанд-Истаравшан" ҷони 8 нафарро рабуд

Ба иттилои манбаъ, худрави тамғаи “Опел вектра” таҳти идораи Умарқул Азимов  сокини деҳаи гулистони ноҳияи Зафаробод  бо мошини тамғаи “Опел караван”,  ки онро  сокини ноҳияи Деваштич меронд бархӯрда, сабабгори марги се тан шуд.

Манбаъ мегӯяд, ҳангоми садама дар “Опел-вектра” 5 нафар дар сафар буданд ва 2 нафари онҳо ба ҳалокат расида 3 тани дигар дар бемористони маркази ноҳияи Спитамен бистарӣ карда шуданд.

“Аз мусофирони мошини “Опел-Караван”, ки се нафар буданд, як нафарашон ба ҳалокат расид ва 2 нафарашон бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаи марказии ноҳияи Спитамен бистарӣ карда шудаанд”,-афзудааст манбаъ. .

Номбурда гуфт, фавтидагон Субҳонқул Азимови 38 сол ва Ибодат Шариповаи 59 сола аз ноҳияи Зафаробод, ҳамчуни Маҳмадшукур Норови 71 сола аз ноҳияи Деваштич будаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон низ дар пайи шарҳи ин ҳодиса аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми сафар талош кунанд қоидаҳои бехатариро риоя намоянд, суръати ҳаракатро боло набаранд, ҷони худ ва ҷони ҳамсафарони худро дар хатар наяндозанд. 

Лентаи хабарҳо
0