Мо ҳам ятим калон шудаем: кӯмаки шаш бародари муҳоҷир дар Ҳисор

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкМешки с мукой
Мешки с мукой  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бародарон Сатторовҳо ба маркази саломатӣ 16500 кило орд, 1650 кило биринҷ, 1650 литр равған, 1650 кило шакар, 1650 кило макарон, 3300 дона собун ва 3000 дона ниқоби тиббӣ дастрас кардаанд

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Бародарон Давронҷон, Баҳромҷон, Убайдулло, Рустамҷон, Шамсулло ва Суҳробшо Сатторовҳо - соҳибкорони тоҷик дар Русия ба сокинони Ҳисор кӯмаки моддӣ дастрас кардаанд.

Тавре АМИТ "Ховар" гузориш медиҳад, аз ҷониби ин бародарони соҳибкори муваффақ ба Маркази саломатии деҳоти Дучинораи шаҳри Ҳисор ва кормандони Муассисаи давлатии ободонии шаҳр барои 330 нафар 16500 кг орд, 1650 кг биринҷ, 1650 литр равған, 1650 кг шакар, 1650 кг макарон, 3300 дона собун ва 3000 дона ниқоби тиббӣ дастрас карда шуд.

Давронҷон Сатторов, яке аз шаш бародарон  изҳор доштааст, ки "ману бародаронам ятим калон шудем ва дар тарбияи модарамон  дар тарбияи модарамон Хосиятбону Азизова (рӯҳаш шод бод) бузург шудем. Аз ин рӯ хуб медонам, ки кӯдакони ятим ба чӣ ниёз доранд ва қалби кӯчакашон чӣ мехоҳад".
Доктор проверяет панель управления аппаратом искусственной вентиляции легких  - Sputnik Тоҷикистон
Соховатманде, ки номашро нагуфт: ба беморхонаи Ҳисор кӣ дастгоҳи нафасдиҳии гарон бурд?

Бародарони соҳибкори оилаи Сатторовҳо бо чунин амалҳои неку хайрашон мехоҳанд дар ин рӯзҳои хеле вазнини хуруҷи бемории сироятии коронавирус паҳлӯи ҳамватанон бошанд ва кумаки худро дареғ надоранд.

Сипоси раиси Исфара аз соҳибкорони маҳалӣ ва бурунмарзӣ барои кумак ба пизишкон

Онҳо низ дар баробари дигар соҳибкорони тоҷик, дар мисоли оилаи Бобоҷоновҳо ва Шоевҳо, ки ҳар кадоме ба беморхонаҳо ё марказҳои саломатӣ, духтурону оилаҳои онҳо, беморон ва оилаҳои эҳтиёҷманди ҳам дохили мамлакат ва ҳам минтақаҳои  Русия  дасти ёрӣ дароз мекунанд, мехоҳанд кумак расонида,  ҳамватанонро мутмаин созанд, ки дар як муддати кӯтоҳ мардуми бошарафи Тоҷикистон аз чанги ин бемории сироятӣ раҳо мешаванду тамоми мушкилиҳо пушти сар мегарданд.

 

Лентаи хабарҳо
0