Садамаи марговар: ронандаи "Тайота Карола" пиёдагардро пахш карду аз ҷои ҳодиса ғайб зад

© Foto / Хадамоти матбуоти Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия / Гузариш ба медиабонкДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулини вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар доданд, ки ронандаи автомашинаи “Тайота Карола”, ки пиёдагардро пахш карду сипас ғайб зад, ошкор ва дастгир карда шуд

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон санаи 15-уми майи соли 2020, ронандаи автомашинаи тамғаи номаълум ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ, Исломов Сайдакрам Ғаффорович, соли таваллудаш 1993, сокини ҷамоати шаҳраки Ҳулбукро пахш намуда, сипас аз ҷойи ҳодиса ғайб зад.

Тамбовская областная станция скорой медицинской помощи - Sputnik Тоҷикистон
Шарҳи расмии КҲФ аз садама дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд

“Дар натиҷа, пиёдагард Исломов С.Ғ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан ба ҳалокат расид”, - таъкид доштааст ВУД Тоҷикистон.

Ҳамзамон масъулини Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон зикр намуданд, ки ронандае, ки пиёдагардро пахш карду сипас ғайб зад, ддар ҳоли ҳозир дастгир шудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, кормандони милитсия санаи 16-уми майи соли равон, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота Карола” Шоҳназари Шоҳсоҳиби Сарахонзода, соли таваллудаш 1998, сокини ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи мазкур дастгир намуданд.

Масъулини ВУД Тоҷикистон қайд карданд, ки дар ҳоли ҳозир аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0