Манижа, овозхони тоҷик ба рӯйхати Forbes шомил шуд

CC0 / Pxhere / Обложка журнала Forbes
Обложка журнала Forbes - Sputnik Тоҷикистон
Нашрияи Forbes радабандии “30 то 30”-ро таҳия кардааст, ки дар он муаллифон 30 нафари ояндадор дар Русияро гирд овардаанд

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Овозхон Manizha, зодаи шаҳри Душанбе ба феҳрасти 30 нафари ояндадори Русия шомил шудааст.

Валерия Базыкина и Манижа Аминова - Sputnik Тоҷикистон
Навори Манижа ва Валерия ба сегонаи сертамошобини ҷаҳон шомил шуд-видео

Коршиносони Forbes Манижаро дар бахши мусиқӣ интихоб кардаанд. Ҳамроҳ бо ӯ ба сегонаи беҳтаринҳо инчунин Morgenshtern ва Катя Кишук, (KATERINA) дохил мебошанд.

Қолабшикании Манижа бо намоҳанги нав: аз чакану чилкокул то ишқи ҷавони рус - видео

Манижа Сангин дар овони кӯдакӣ бо оилааш аз Тоҷикистон ба Русия кӯчида, нахуст ҳунарашро тариқи блог дар Instagram намоиш дод ва дар ин шабака ҳамчунин аввалин албомашро муаррифӣ намуд.

Manizha дар бахши ҳифзи ҳуқуқи занон низ фаъол мебошад. Инчунин ба радабандии маҷаллаи маъруф ҳаҷвиянигор Нурлан Сабуров, тарроҳ Вероника Хан шомил шудаанд.

MANIZHA - Недославянка - Sputnik Тоҷикистон
Клипи нави Манижа: бо қонунҳои Қуръон дохили калисо-видео

Манижа Сангин, ахиран як намоҳангашро нашр кард, ки порае аз он дар Тоҷикистон сабт шудаст.

Манижа Сангин дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, суруди ҷадидаш дар мавзӯъи мансубияти миллӣ мебошад. Ӯ дар сурудаш мехонад, ки на славяни том асту на тоҷики расо.

Манижа Сангин: "ман миёни Тоҷикистон ва Русия мондаам"

Ӯ сурудааст, ки бо қонунҳои Қуръон дохили калисо зиндагӣ мекунад ва таъкид ба ягонагии Худо месозад. Манижа ҳамчунин ба мавзуъи муҳоҷират дахл карда, зимни сабти намоҳанги нав низ бархе қолабшиканиҳо кардааст. Дар клип Манижа бо забони тоҷикӣ "ё бача ту мара гуш кун" хитоб карда, бо забонҳои русию англисӣ сурудро дар мавзӯи муҳоҷирату миллату зиндагӣ давом медиҳад. 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала