Пешгӯии изтиробовари БҶ: ҳамагирии коронавирус 60 миллион одамро бенаво мекунад

© REUTERS \ Mohammad IsmailБездомный мужчина пьет чай в придорожном чайном магазине в Кабуле, Афганистан
Бездомный мужчина пьет чай в придорожном чайном магазине в Кабуле, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Буҳрони бесобиқае, ки дар паи ҳамагирии коронавируси навъи COVID - 19 оламгир мешавад, беш аз 60 миллион одами дунёро бенаво мекунад

ДУШАНБЕ, 20 май – Sputnik. Бонки ҷаҳонӣ пешгӯӣ мекунад, ки дар паи буҳрони бесобиқаи иқтисодӣ, ки ҳамагирии коронавирус дар пай хоҳад дошт, 60 миллион аҳолии ҷаҳон камбизоат хоҳанд шуд, хабар медиҳад, хадамоти матбуотии ин ниҳод.

Черный понедельник на валютных рынках  - Sputnik Тоҷикистон
Бонки ҷаҳонӣ: коронавирус таҳдидест барои иқтисоди Тоҷикистон

Бонк ҳамчунин хабар дода, ки феълан дар 100 кишвари дар ҳоли рушд, ки 70 дарсади аҳолии сайёра ба сар мебаранд, амалиёти фаврӣ роҳандозӣ шуда истодааст.

Дар баробари ин БҶ вазифадор шуда, ки то миёнаҳои соли 2021 ба маблағи 160 миллион доллар қарзҳои грантӣ ва кумаки молӣ ҷудо кунад.

Мақомоти Тоҷикистон аз истифодаи 11, 3 миллион доллари АБР зидди корона ҳисобот медиҳад

Президенти Бонки Ҷаҳонӣ Дэвид Мэлпас аз раҳбарияти кишварҳои қарздиҳанда даъват кард, ки ба ибтикори "20-гонаи бузург", ки барои пардохти қарзи як қатор кишварҳои рӯ ба рушд, мараторий эълон карданд, ҳамроҳ шаванд.

"Ин ҳамагирӣ аст ва исти рушди иқтисоди кишварҳои рӯ ба тараққӣ метавонад, 60 миллион одамро бенаво кунад ва кори барномаҳои паст кардани сатҳи камбизоатиро, ки чанд соли охир роҳандозӣ мешавад, ба ақиб кашад", - қайд кард Мэлпас.

Амалиёти дастгирӣ бояд барои ҳифзи ҳаёти мардум ва манбаъи даромади онҳо, ҳамчунин ҷиҳати суръат бахшидан ба барқарор кардани иқтисодиёт, равона шавад.

Ёдрас мешавем, ки пештар Вазорати тандурурстии Тоҷикистон бо маблағи ҷудокардаи Бонки Ҷаҳонӣ дастгоҳҳои нафасдиҳӣ (ИВЛ) ва доруҳои зиддивирусӣ барои мубориза бар зидди COVID - 19 харидорӣ кард.

Лентаи хабарҳо
0