Зиндагии Парда Қосим имрӯз чигуна аст: суҳбат бо сарояндаи ватандӯст - видео

Обуна шудан
Пас аз хомӯшиҳои зиёд, дар шабакаи Youtube мусоҳибаи сарояндаи машҳури Тоҷикистон Парда Қосим пайдо шуд

Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Парда Қосим дар бораи хити ватандӯстонаи худ, роҳи ҳунар ва муҳаббати халқ гуфт.

"Ман 13-сола будам. Соли 1959 аввалин бор дар саҳнаи театри академии ба номи Садриддин Айнӣ ҳунарнамоӣ кардам, - ёдовар шуд Парда Қосим.

Ҳайъати аввалаи ансамбли Гулрез - Sputnik Тоҷикистон
Ансамбли “Гулрез”: раққосаҳои “президентӣ” ё 30 духтари ҷаззоб, ки зиндагии шахсӣ надоштанд

Ҳоло ба бузургсолӣ ва тарки саҳнаи калон нигоҳ накарда, ба осонӣ нотаҳои баланд мегирад ва нақл мекунад, ки ба ҳамаи шогирдонаш барои хондани сурудҳояш иҷоза додааст.

Соҳиба Давлатшоева мушкили аслии санъати тоҷикро гуфт - видео

Дар бораи суруди дӯстдоштааш аз эҷодиёти худӣ, ҳунарманд мегӯяд, мардум то ҳол вақе ӯро дар кӯчаҳо вомехӯранд суруди "Аз манӣ" - ро, ки солҳои 2000 хит буд, зам - зама мекунанд.

Пӯшида нест, ки Парда Қосим яке аз сарояндагони дӯстдоштаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Солҳои зиёд ягон чорабиниҳои бузурги давлатӣ бидуни Парда Қосим намегузашт.

Парда Қосим доим сурудҳояшро аз эҷодиёти адибони классик Рӯдакию Ҷомӣ ва шоирони муосир Лоиқу Муъмин Қаноат интихоб мекард.

Лентаи хабарҳо
0