Таъхири бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён

© Sputnik / Tabyldy Kadyrbekov / Гузариш ба медиабонкСоревнования по кок-бору в Киргизии
Соревнования по кок-бору в Киргизии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хуруҷи коронавирус бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиёнро, ки соли равон дар Туркия дар назар буданд, ба таъхир андохт

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Бозиҳои IV ҷаҳонии кӯчманчиён ба иллати пандемияи коронавирус ба соли 2021 ба таъхир гузошта шуд, хабар дод сомонаи телевизиони "Варзиш". 

Пробирка с тестом на коронавирус в руках  - Sputnik Тоҷикистон
Ҷаҳиши рекордии гирифторони коронавирус дар ҷаҳон давоми 24 соат

Ба иттилои манбаъ, ин тасмим бо мақсади ташкили Бозиҳо дар сатҳи сазовор ва инчунин ҳифзи саломатии варзишгарон ва дигар иштироккунандагон гирифта шуд.

Зикр гардид, ки Бозиҳои IV ҷаҳонии кӯчманчиён мебоист тирамоҳи соли 2020 дар Туркия баргузор мешуданд. Бозиҳои қаблии ҷаҳонӣ дар шаҳри Чолпон-Отаи вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон барпо гардида буданд.

Шаш сол пеш дар нахустин Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён намояндагони 19 кишвар ширкат доштанд. Дар Бозиҳои дувум, ки моҳи сентябри соли 2016 доир шуд, намояндагони 52 кишвар иштирок карданд.

Севумин Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён дар Иссиқкӯли Қирғизистон моҳи сентябри соли 2018 бо ширкати беш аз якуним ҳазор варзишгар аз 66 кишвар ва 11 минтақаи Русия доир гардид.

Ба барномаи Бозиҳо 31 риштаи варзиш шомил буд. Аз ҷумла асптозӣ, варзишҳои размӣ, бозиҳои суннатии миллӣ, мусобиқоти тирандозӣ, камонварӣ, бозиҳои суннатии зеҳнӣ ва ғайра шомил мебошанд.

Ҳадафи аслии Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён эҳё ва ҳифзи мероси таърихиву фарҳангии халқҳои бодиянишин арзёбӣ мегардад.

 

 

Лентаи хабарҳо
0