Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Ҷаласаи ситод: мақомоти Хуҷанд гуфт барои пешгирӣ аз коронавирус чӣ корҳо анҷом дода шуд

© Администрация Согдийской области Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода
Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон
Раиси шаҳри Хуҷанд дар ҷаласаи ситод таъкид дошт, ки барои пешгирӣ аз вируси корона ҳамарӯза дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, бо истифода аз маводҳои безараргардонӣ корҳои профилактикӣ анҷом дода мешавад

ДУШАНБЕ, 22 май – Sputnik. Ахиран дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии ситоди шаҳрӣ бо иштироки раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон: ҷавонон бояд барои ҳимояи сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳамеша омода бошанд

Бино бар иттилои мақомоти шаҳри Хуҷанд, то имрӯз аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ зиёда аз 350 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла барои харидории воситаҳои фардии муҳофизатӣ ва маводҳои безараргардонӣ 100 ҳазор сомонӣ ва барои харидории корҷомаҳои муҳофизатӣ 250 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

“Айни ҳол дар маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд миқдори зарурии маводҳои безараргардонӣ захира карда шудааст”,- гуфт мақомоти шаҳри Хуҷанд.

Ҳамзамон, дар ин ҷаласа раиси шаҳри Хуҷанд, Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки ҳамарӯза дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, бо истифода аз маводҳои безараргардонӣ корҳои безараргардонию профилактикӣ гузаронида шуда истода, инчунин дар ҳамаи хонаводаҳои он шахсоне, ки гумонбар ба бемории коронавирус дар беморхона бистарӣ шудаанд ва ё фавтидаанд ба пуррагӣ безарар карда шуда истодааст.

“То имрўз тамоми микроноҳияҳои 3, 8, 12, 31, 32, 33, 34, хиёбони Исмоили Сомонӣ, Раҳим Ҷалил, Рифъат Ҳоҷиев, маҳаллаҳои Чашмаи Арзана, Пахтакор, Бофанда, кўчаҳои Қосим Собиров, Камоли Хуҷандӣ, Фирдавсӣ, Содирхон Ҳофиз, Гагарин, 60-солагии Ғалаба, Шарқ, Сирдарё, ҳамчунин таваллудхонаи шаҳрӣ, беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд, беморхонаи клиникавии вилояти Суғд, беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 ва 2, тамоми марказҳои саломатии шаҳр, корхонаву ташкилотҳо ба пуррагӣ тариқи маводҳои кимиёӣ безарар гардонида шуда, дар ин самт корбарӣ идома дорад”, - гуфт Маъруф Муҳаммадзода.

Инчунин вай илова кард, ки ба ғайр аз ин, аз ҷониби Корхонаҳои истифодабарии манзили соҳили чап ва рости шаҳр дар бинҳои баландошёнаи истиқоматӣ низ корҳои безараргардонӣ гузаронида шуда истода, ҷиҳати ҷоннок намудани кор ба 22 маҳаллаҳои шаҳр барои гузаронидани корҳои безараргардонии кўчаҳои байни маҳаллаҳо таҷҳизоти Автомакс харидорӣ ва тӯҳфа карда шуд.

Маруф Мухаммадзода - Sputnik Тоҷикистон
Раиси Хуҷанд ба 22 кумитаи маҳаллаҳои шаҳр дастгоҳҳои дорупошӣ тақдим кард

Дар давоми як моҳи безараргардонӣ ба миқдори 3500 килограмм маҳлули безараргардонии гипохлориди натрий, 120 килограмм гипохлориди калсий, 5000 литр гипохлориди натрии 10 дарсад истифода гардида, зиёда аз 1 миллион метри мураббаъ кўчаву хиёбонҳо, 108 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон ва 84 ҳазор метри мураббаъ даромадгоҳҳои биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ба пуррагӣ безарар гардонида шуданд.

Ҳамчунин дар ҷаласа зикр гардид, ки дар 53 участкаҳои интихоботӣ бо ҷалби мутахассисони тибби оилавӣ ва масъулини соҳа нуқтаҳои қабули шаҳрвандон ташкил карда шуда, ҳамарўза ба ин нуқтаҳо аз 150 то 200 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуда истода, ба онҳо вобаста ба ин ё он беморӣ сари вақт ёрии амалии тиббӣ расонида шуда истодааст.

“Дар боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои серодами шаҳр, аз ҷумла Боғи Камоли Хуҷандӣ, Боғи ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Боғи ба номи Абўмаҳмуди Хуҷандӣ, Маҷмааи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва дар Маркази шаҳр баландгўякҳо бо пахши барномаҳои радиои маҳаллӣ ташкил карда шуда, ҳамарўза дар ҳар 15 дақиқа ба шунавандагон тавсияҳои мутахассисони тиб оиди пешгирии бемории ҳамагири “Ковид-19” расонида шуда истодааст. Чунин роликҳои тарғиботӣ инчунин дар марказҳои калони савдо ва бозорҳо низ ташкил карда, ба самъи сокинон расонида шуда истодааст”, - таъкид доштааст мақомоти шаҳри Хуҷанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала