Нахустин навор аз ҷои суқути ҳавопаймо дар Қарочӣ - видео

Ҳавопаймои ширкати Pakistan International Airlines дар наздики фурудгоҳи Қарочӣ суқут кард. Гуфта мешавад дар дохили он 90 кас будааст.

Имрӯз дар наздикии фурудгоҳи шаҳри Қарочӣ ҳавопаймо суқут карда, ба болои манзилҳои истиқоматӣ афтод.

Крушение пассажирского самолета в Пакистане в городе Карачи - Sputnik Тоҷикистон
Суқути ҳавопаймо дар болои хонаҳо дар Қарочӣ - видео

Airbus A320 аз шаҳри Лоҳур ба самти Қарочӣ парвоз мекард. Шоҳидон мегӯянд, киштии ҳавоӣ якбора ба болои чанд манзили истиқоматӣ сарозер шуд.

Дар баробари ин бино ба гузориши расонаҳо, хушбахтона аз ин ҳодисаи нохуш чандин кас ҷон ба саломат бурдааст.

Лаҳзаи суқути ҳавопаймои ҷангии Қазоқистон ба навор уфтод - видео

Феълан дар ҷои ҳодиса қувваҳои мусаллаҳ, мошинҳои оташнишонӣ ва ёрии таъҷилӣ кор мебаранд.

Ҳамчунин мақомоти қурдатии Покистон аллакай аз рӯи ин ҳодиса парванда кушода, тафтишотро оғоз кардаанд.

Гуфта мешавад, ки дар гуфтугӯи охирин бо диспечер сарнишинон аз нуқси муҳаррик гуфтаанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала