Сартабиб: "илтиҳоби шуш" дар Панҷакент кам шудааст, 8 нафар бистариянд

© Sputnik / Илья Тимин / Гузариш ба медиабонкОтделение больницы "РЖД-Медицина" перепрофилировали для больных с коронавирусом
Отделение больницы РЖД-Медицина перепрофилировали для больных с коронавирусом - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҳмадмурод Сафаров, сартабиби бемористони шаҳри Панҷакент гирифтории мардум ба бемории “илтиҳоби шуш” - ро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 22 май – Sputnik. Сартабиб дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, шумори гирифторони "илтиҳоби шуш" поён рафта, дар айни ҳол, танҳо 8 нафар дар бистари беморӣ қарор доранд.

"То бистарӣ шудан дар бемористон вазъи саломатии беморон вазнини миёна арзёбӣ мешуд. Ҳоло саломатии 2 нафар, ки хеле вазнин гуфта мешуд, дар ду шабонарӯзи охир беҳбуд ёфтааст", - гуфт Сафаров.

Сартабиби Панҷакент вазъи хуруҷи ин навъи беморӣ дар шаҳрро муътадил арзёбӣ карда зикр намуд, ки аз охирҳои моҳи апрел то ҳоло 78 маврид бо аломатҳои "илтиҳоби шуш"  бистарӣ шудани сокинон сабт шуда, аз ин шумор 66 нафар шифо ёфта ба манзилҳояшон рухсат шудаанд.

Ахмадзода посетил родственников умерших от пневмонии  - Sputnik Тоҷикистон
Таслияти Аҳмадзода ба ду хонавода, ки наздиконашон аз "илтиҳоби шуш” даргузаштанд

Сафаров дар бораи фавти сокинон аз "илтиҳоби шуш” иттилоъи возеҳ надод, вале аз таҳлили рақамҳои ироашуда бармеояд, ки эҳтимол 4 мавриди фавти сокинон то ин дам аз ин маризӣ ба қайд гирифта шудааст. Ва яке аз онҳо, даргузашти Робия Дӯстова, сокини ҷамоати деҳоти Сӯҷина гуфта мешавад, ки ахиран Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, аснои сафари корияш ба манзили пайвандони марҳум, изҳори таслият баён намуда, кӯмаки моддӣ расонидааст.

Бар пояи иттилои манобеъи расмӣ Робия Дӯстова, сокини деҳаи Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент 63 сол дошт, вале дар пайи хуруҷи бемории “илтиҳоби шуш” рӯзи 8-уми май дар бемористон даргузашт.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, рӯзи 30-уми апрел нахустин бор аз гирифтории 15 сокини кишвар ба бемории коронавирус хабар дода буд.

Бино ба оморе, ки бегоҳии рӯзи 21-уми май ин вазорат эълон кард, теъдоди умумии шифоёфтагон аз ин маризӣ ба 1008 нафар баробар шуда, феълан 2350 нафар дар кишвар зери тадовии табибон қарор доранд.

Вазорати тандурустӣ шумори қурбониён аз ин бемориро 44 нафар арзёбӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0