Қарори нави Рустам Эмомалӣ: арзиши иҷозати сохтмони бино ва иншоот коҳиш ёфт

© Sputnik / Амир ИсаевСтроительство аквапарка в Варзобе
Строительство аквапарка в Варзобе - Sputnik Тоҷикистон
Тибқи қарори навбатии раиси шаҳри Душанбе барои гирифтани иҷозатномаи сохтмони бинову иншоот дар пойтахти Тоҷикистон тартиб ва меъёрҳои пардохтии нав ҷорӣ карда мешавад

ДУШАНБЕ, 22 май – Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, қарори навбатӣ дар бораи кам кардани арзиши иҷозати сохтмони бино ва иншоот дар пойтахтро  ба имзо расонд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе.

Рустам Эмомали на заседании народных депутатов Маджлиса в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Рустам Эмомалӣ қарор кард: дар Душанбе фестивали "Чакомаи гесу" баргузор шавад

Бино бар иттилои манбаъ, қарор бо мақсади рушди босуботи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии пойтахт ва ҷалби бештари сармоягузорӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ қабул шудааст.

Дар қарор зикр мешавад, ки тартиб ва меъёрҳои пардохт барои додани иҷозати сохтмони бино ва иншоот дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.

Аммо дар қароре, ки имрӯз нашр шудааст гуфта нашудааст, ки арзиши иҷозатнома то чӣ андоза коҳиш хоҳад ёфт.

Бояд қайд кард, ки ширкатҳои сохтмонӣ, ки дар пойтахn фаъолият мекарданд, қаблан барои сохтмони як метри мураббаъ манзил ё нуқтаҳои фурӯш аз 165 то 220 сомонӣ (17-23 доллар) маблағ пардохт мекарданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала