Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Марзҳои Эрону Туркманистон ва Ӯзбекистон бозгушоӣ мешаванд

Марзи байни Эрон, Туркманистон ва Узбекистон, ки ба хотири густариши корона баста шудааст, аввали июн бозгушоӣ хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Ғуломаббос Арбобхолис, сафири Эрон дар Туркманистон рӯзи шанбе гуфт, ройзанӣ ва машваратҳои дипломатию сиёсӣ ба таври рӯзона барои бозгушоии марзҳо бо ҳадафи аз саргирии содирот, транзит ва табодули коло бо Туркманистон ва дигар кишварҳои минтақа идома дорад.

Министерство здравоохранения республики Таджикистан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ аз мураххас шудани 50 шифоёфтаи дигар аз коронавирус хабар дод

Нақли қавли сафири Эрон дар Туркманистонро хабаргузории "Парстудей" бо такя ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ироа кардааст.

"Дар чорчуби ин музокирот рӯзи гузашта нишасти сеҷонибаи раисони роҳи оҳани давлатии се кишвари ёдшуда ба сурати видеоконфронс баргузор ва муқаррар шуд, роҳҳои оҳани ин кишварҳо то аввали июн бо насби нақбҳои безараргардонидашуда дар ду тарафи марзҳо ва бо риояти стандартҳои мушобеҳ ва ҳамсон бо якдигар, бозгушоӣ шавад",-изҳор доштааст Арбобхолис.

Вилояти Хуросони разавии Эрон аз шимолу шимоли шарқ дорои ҳудуди 531 километр марзи муштарак бо Ҷумҳурии Туркманистон аст ва тиҷорати ҷоддаӣ ва райлии Эрон бо Осиёи Марказӣ аз тариқи гузаргоҳҳои марзии ин вилоят бо Туркманистон анҷом мешавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала