Фаврӣ: Ҷурабек Назрӣ даргузашт

CC0 / Pxhere / Свеча
Свеча - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷӯрабек Назрӣ, овозхони маъруфи тоҷик, рӯзи 24-уми май дар синни 74-солагӣ даргузашт

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Ҷӯрабек Назрӣ чанд рӯзи ахир дар шифохонаи "Истиқлол"-и Душанбе табобат мегирифт.

Ҷӯрабек Назрӣ 23 июни 1946 дар деҳаи Наврӯҳои ноҳияи Ховалинг ба ҷаҳон омадааст. Волидайнаш аз деҳоти Ғожу Тоғмайи ноҳияи Дарвоз ба Хатлон омадаанд, ки сабабаш муҳити носозгори соли 1937 будааст. Баъдан, тобистони соли 1954, хонадонашон ба шаҳри Сталинобод (Душанбеи кунунӣ) кӯч бастааст. Баъди хатми мактаби миёнаи №23 ноҳияи Роҳи оҳан (ҳозира Шоҳмансур) – шаҳри Душанбе, соли 1963, донишҷӯи бахши забон ва адабиёти тоҷики факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шудааст.

Аз соли хатми Донишгоҳ то кунун дар Академияи илмҳо кор мекунад ва аз дараҷаи аспирантию ходими илмӣ то мақоми директори Иттиҳодияи музейҳои адабӣ ва Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ расидааст. Ҳоло мудири «Ганҷинаи мероси хаттии ба номи академик А. Мирзоев»-и Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ АИ ҶТмебошад.

Ӯ соли 1974 дар мавзӯи "Мактабии Шерозӣ ва достони "Лайливу Манҷун"-и ӯ" рисолаи номзадӣ, соли 1996 дар мавзуи "Ривоёти Библияву Қуръон роҷеъ ба Сулаймон ва таҳаввули он дар адабиёти форсу тоҷик" рисолаи докторӣ дифоъ кардааст. Асарҳои "Лайлӣ ва Маҷнун"-и Мактабӣ (1983), Матни илмии интиқодии "Лайливу Маҷнун"-и Мактабӣ" (Теҳрон, 1993), "Сулаймоннома"-и Зулолии Хонсорӣ (1996), "Қиссаи Сулаймону Билқис дар адабиёти форсӣ" (1996), «Нома ва номанигорӣ дар "Шоҳнома" (Теҳрон, 2001), "Таърихи Ҳумоюн"-и Гулшанӣ" (2007), Ҳунари номанигорӣ дар "Шоҳнома". – Д., 2014, Дарёи сухан пуроб бояд. – Д., 2016. ва даҳҳо мақолаҳои илмӣ ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Дар соҳаи мусиқиофаринӣ ва сурудхонӣ соҳиби мактаби хоссае буда, чандин ҳунарманди соҳибноми ҷумҳурӣ шогирди мактаби ҳунарии ӯстанд.

 

Лентаи хабарҳо
0