Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Муборизони рақами аввал: Эмомалӣ Раҳмон аз табибони тоҷик миннатдор шуд

Феълан, дар 85 муассисаи тибби ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 нафар табибон ва 25 ҳазор нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият мекунанд.

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи табибон ва кормандони муассисаҳои тиббӣ, ки дар чунин рӯзҳои вазнин ба мардум содиқона хизмат карда истодаанд,  изҳори сипос намуданд.

Изҳори сипоси раисҷумҳур ба муборизони рақами яки коронавирус дар паёми шодбошии президент ба муносибати иди Фитр зикр шудааст.

"Бо истифода аз фурсати муносиб, ба ҳамаи табибон ва кормандони муассисаҳои тиббӣ, ки дар чунин рӯзҳои вазнин бо садоқат ба савганди касбии худ ба мардуми Тоҷикистон софдилона ва шабу рӯз хизмат карда истодаанд, бори дигар изҳори сипосу миннатдорӣ менамоям", —  гуфтааст раисҷумҳур.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус нишон дод: хулосаи Раҳмон аз вазъи феълӣ ва изҳори ҳамдардияш ба мардум
Бино  ба маълумоти Вазорати тандурустӣ феълан дар 85  муассисаи тибби ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 нафар табибон ва 25 ҳазор нафар кормандони миёнаи тиб  фаъолият мекунанд.

Ба ғайр аз ин,  дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии  амлакат  7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Вазир шабона ба беморхонаҳо меравад: Абдуллозода ба гирифторони коронавирус худаш занг зад

Пештар хабар дода шуд, ки президент ба хонаводаҳое, ки наздиконашон дар пайи гирифторӣ ба коронавирус даргузаштанд, изҳори ҳамдардӣ кард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала