Нишонаҳои коронавирус мушоҳида намешуд: сабаби марги раиси Тоҷикобод муйаян шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешПохороны в Таджикистане, архивное фото
Похороны в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо санаи 20-уми май, дар синни 50-солагӣ аз дунё даргузаштааст

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Сардухтури беморхонаи ноҳияи Тоҷикобод Насим Шарипов гуфт, Маҳмадшозода Ҳамидулло бемории қанд ва фишорбаландӣ дошт ва дар хона табобат мегирфт ва зери назорати табибон қарор дошт, иттилоъ додааст сомонаи рӯзномаи “Фараж”.

Цветы у посольства Бельгии в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Фавти нобаҳангом: раиси ноҳияи Тоҷикобод даргузашт

Ба гуфтаи Шарипов, якбора аҳволи марҳум бад ва фишори хунаш ба 188\122 баланд ва меъёри қанд дар хун ба 9 баробар гардид.

“Натиҷаи хулосаи тиббие, ки табиби табобатияш муайян кардааст, феълан “буҳрони гипертоникӣ” ва бемории қанд аст”, – гуфт сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Тоҷикобод Насим Шарипов.

Бо он ки марҳум боре барои муайян кардани бемории коронавирус “озмоиш насупоридааст, аммо табиб Шарипов вуҷуди бемории мазкурро дар бадани Маҳмадшозода рад мекунад ва мегӯяд, ки се-чор  рӯзи охир бо марҳум тамос дошт ва аз аҳволаш огоҳ буд. “Ягон нишонаҳои коронавирус мушоҳида намешуд”.

Аммо рӯзномаи “Фараж” аз қавли як манбаи огоҳ аз қазия мегуяд, мардум аз олудашавии Маҳмадшозода Ҳамидулло ба коронавирус мегӯянд, зеро марҳум ҳафтаи қабл аз Душанбе ба ноҳия баргаштааст ва пас аз чанде аҳволаш бад шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ба ҳисоби расмии вазорати тандурустӣ, то шоми 22 май дар Тоҷикистон 2551 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ва 44 мавриди марг аз ин беморӣ сабт шудааст.

Лентаи хабарҳо
0