"Ба дуо бошед": муфтии Тоҷикистон дар бораи гирифториаш ба COVID-19

© Sputnik / Амир ИсаевСаидмукаррама Абдулқодирзода. Архивное фото
Саидмукаррама Абдулқодирзода. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазъи раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода беҳбуд ёфта, иҷозаи ба берун баромаданро пайдо кардааст.

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Саидмукаррам Абдуқодирзода дар як тамоси телефонӣ ва суҳбати кӯтоҳ ба Sputnik Тоҷикистон вазъи худро хуб арзёбӣ карда, афзуд, дардаш сабук шуда, пизишкон иҷоза додаанд, ки барои ҳавохӯрӣ ба берун барояд.

“Аз онҳое, ки ба саломати банда таваҷҷӯҳ кардаанд, изҳори миннатдорӣ мекунам. Мардуми шарифи Тоҷикистон мутаваҷҷеҳи саломатии худ ва ҳамеша барои маризон ба дуо бошанд. Иншоаллоҳ, ин рӯзҳо мегузарад”, - гуфт муфтии Тоҷикистон.
Муфтий Таджикистана Сайдмукаррам Абдулкодирзода - Sputnik Тоҷикистон
Абдулқодирзода: чӣ марду чӣ зан даст ба дуо бардорем

Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба хотири эҷод накардани музоҳимат аз раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон тафсилоти бештарро тақозо накард, аммо наздикони ӯ гуфтанд, ки мавсуф ҳудуди даҳ рӯз ба ин сӯ аз маризии илтиҳоби шуш бистарӣ шудааст, на “вируси корона” ё COVID-19.

“Он кас дар манзили худ табобат мегиранд. Ҳамин субҳ пизишкон ба муоинаи он кас омада, вазъашонро муътадил арзёбӣ карданд ва иҷоза доданд, ки аз бистар хеста, ҳаракат кунанд”, - гуфт яке аз наздикони ӯ.

Ба қавли наздикон, Саидмукаррам Абдуқодирзода як ҳафта қабл аз иди Рамазон бистарӣ шуда, имкони ширкат дар ҷаласаҳои қабл аз иди Шӯрои уламоро надошт ва азбаски маризиаш шадид набуд, пизишкон маслиҳат доданд, ки дар хона табобат шавад.

Саидмукаррам Абдулқодирзода: эҳтимол дорад дар моҳи Рамазон масҷидҳо баста шаванд

Бино ба иттилои дарёфтӣ, рӯзи 17 май писарамаки муфтӣ Эшони Сайидвалӣ, ки дар ноҳияи Вахш зиндагӣ мекард ва маризии қанд дошт, вафот карда буд.

Саидмукаррам Абдулқодирзода аз моҳи октябри соли 2010 раиси Маркази исломӣ ва раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон аст.

Лентаи хабарҳо
0